Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон талаб карданд, ки интернетро дубора дар Бадахшон дастрас созанд


Шаҳри Хоруғи Бадахшон
Шаҳри Хоруғи Бадахшон

Тоҷикони муқими хориҷи кишвар, ба вижа зодагони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ барқарор намудани интернет дар шаҳри Хоруғро тақозо карданд.

Онҳо дар муроҷиатномаи худ навиштаанд, ки қатъи интернет пас аз оғози эътироз дар Хоруғ ҳамчун василаи фишор истифода мешавад.

"Маҳдуд кардани интернет ҳамаи моро, ки дур аз ватан зиндагӣ мекунем, аз муошират бо низдиконамон маҳрум мекунад. Гузашта аз ин, довталабоне, ки нияти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷиро доранд, наметавонанд дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ширкат варзида, онлайнӣ ҳуҷҷат супоранд"-- омадааст дар муроҷиатнома.

Дастрасӣ ба интернет пас аз эътирозҳои охири моҳи ноябр дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар ҷараёни амалиёт ниҳодҳои қудратӣ қатъ шуд.

Бо гузашти як моҳ аз ин қазия, интернет ҳанӯз ҳам масдуд аст, ки мустақиман ба иқтисоди мардум ва минтақа таъсир гузоштааст. Мақомот аз шарҳ додани вазъият худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG