Умед Сафаров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ, ки рӯзҳои 18-22-юми декабр дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Ӯ дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар вазни 84 кило ба финал роҳ ёфт, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ ноком шуд ва барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.
Мусобиқаи қаҳрамонии каратэи Осиё миёну занон ва мардон сурат гирифт. Ба иттилои сомонаи Кумитаи олимпии Қазоқистон, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Эрон бо касби 39 медал (14 тилло, 10 нуқра и 15 биринҷӣ) мақоми аввлро соҳиб шуд.
Дастаи мизбон - мунтахаби Қазоқистон, ки 32 медал (11 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) гирифт, мақоми дуюмро касб кард. Мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (8 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар зинаи сеюм ҷойгир шуд.
Тоҷикистон бо як медали нуқра ҷойи 16-умро азони худ кард. Умуман, варзишгарони 21 кишвар медалҳои қаҳрамонии Осиёро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 12 кишвар бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Ба ғайр Қазоқистон ва Тоҷикистон, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон бо касби 11 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи 9-ум ва Узбекистон бо касби як медали нуқраю як биринҷӣ дар ҷойи 15-м қарор гирифтанд.
Каратэ-до дар Тоҷикистон, бахусус миёни наврасону ҷавонон маъруфият пайдо кардааст. Ин ҳунари размии ҷопонӣ, ки маънояш муҳориба бо дастони холист, дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи каратэ-до (соли 1992) роҳандозӣ шудааст.
Федератсияи миллӣ узви Федератсияи ҷаҳонии каратэ ва Федератсияи каратэи Осиё мебошад. Дар айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғуланд.
Ҳафт варзишгари тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва чаҳор нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.
Честь имею, гапи дустдоштаи Мамадбокир хозир дар расонахо пахн шудааст. Афсус, ин честь ро мардуми зебои точик фаромуш кардаанд. то ба кай гуломи? Аз хоби гарон, хоби гарони 30 сола хезет, мардакону занакон.
ман лозим шавад дар назди худаш исбот карда медихам ки барои хучат имзо кардан чи кадар аз ман маблаг талаб кардааст
Рустам бародар бисер ОАДАБОНА ва аз руи ЭТИКЕТ харф ЗАДИ ва кабулхам ХАСТ локин инчо як нозукии КУЧАК хам ХАСТ вакте ба МАНЗИЛАТ бо тамом МУСАЛЛАХ зада даромада аз катлу куштор КОР мегиранд дигар ТАБИИСТ,ки инсон як ТАРАФ истан ХАЙВОН-хам,ки бошад НОГУЗИР аз худ ДИФОЬ мекунад...《макомот》(садкаи ин НОМ шаванд)мегуянд чавонони Бадахши рохоро БАСТАНД вале НАМЕГУЯНД барои ЧИ?!чи ва кирдори ки онхоро ба ин кор ВОДОР кард инро 《макомот》НАМЕГУЯД ку як бор таьрихи 30солаи хукумронии рахмонро ВАРАК зада БИНЕД майлаш мо Кулобихову Фронти Халки нимамон зиндониву ними дигар КУШТАВУ камтари дигараш БЕСОХИБУ бангиву ханги ГАШТАЕМ дар кучахо бе хонаву дар локин бо ин Помирихо ЧИ?!муомилаи 《хуб》дар ин 30сол 《кард》,ки онхо урову мункарони МАНКУРТ-шудаи уро бо ОГУШИ боз 《пешвозаш》гиранд...Рустамчон вакте,ки ЗАХМ аз мухлати мукарарии муоличааш ГУЗАШТ чои захм ГОНГРЕНА мешавад он чойро ба чуз КАТ кардан е БУРРИДАН дигар илоч НЕСТ 《хукумати》рахмон ба ГОНГРЕНА мубаддал ГАШТААСТ ва ба чуз КАТ кардан дигар МУОЛИЧА надорад!!!
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся