Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, барои барқарорсозии Сурия $600–800 млрд лозим аст


Александр Леврентев, намояндаи вижаи Русия бо Башор Асад, раиси ҷумҳури Русия.
Александр Леврентев, намояндаи вижаи Русия бо Башор Асад, раиси ҷумҳури Русия.

Фиристодаи махсуси Кремл дар умури Сурия Александр Лаврентев гуфт, тибқи арзёбиҳои гуногун, барои бозсозии шаҳру ноҳияҳои ин кишвари ҷангзада 600–800 миллиард доллар лозим аст.

Ин нуктаро намояндаи Русия 21-уми декабр дар даври 17-уми гуфтугӯҳо роҷеъ ба Сурия бо иштироки ҳайатҳои кишварҳои ба истилоҳ кафил - Русия, Туркия ва Эрон баён дошт.

Ба иттилои нашрияи туркии "Daily Sabah", дар гуфтугӯҳои шаҳри Нурсултон намояндагони мухолифони Сурия низ иштирок доранд.

Мулоқоти мазкур рӯзҳои 21 ва 22 декабр баргузор мешавад. Ба иттилои расонаҳо, иштирокдорони мулоқот дар рӯзи якум масъалаи барқарорсозии Сурияро ба баҳс кашидаанд. Александр Лаврентев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, урдугоҳи "Ал-Ҳол"-и Сурия ба рӯйхати мавзуъҳои баррасишаванда шомил нест.

"Шумо медонед, ки дар ин урдугоҳ ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва аъзои хонаводаашон қарор доранд. Бинобар ин, вазъи онҷо аз нигоҳи амниятӣ хеле печида аст. Дар онҷо куштор ва корҳои зишти дигаре анҷом дода мешавад", - афзудааст ӯ.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Остона моҳи январи соли 2017 бо ташаббуси Русия шуруъ шуд. Ҳадафи расмии ин гуфтугӯҳо - хатми ҷанги шаҳрвандии Сурия аст. ИМА борҳо Москва ва Димишқро барои гуфтугӯҳои бенатиҷаи Остона танқид кард.

XS
SM
MD
LG