Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Захми дармоннопазир”. Дар Сурия кӣ бо кӣ меҷангад? ВИДЕО


Духтаре дар назди вайронаҳои шаҳри Раққаи Сурия.
Духтаре дар назди вайронаҳои шаҳри Раққаи Сурия.

Бо хатми соли 2021 аз ҷанги дохилӣ дар Сурия 10 сол мегузарад ва ҳанӯз ҳам онҷо даргириҳои парокандае сурат мегирад.

Маълум нест, ки ҷанг кай ба поён мерасад. Таҳлилгарон мегӯянд, бо ин бунбаст, ки ҳоло ҳаст, хунрезӣ идома мекунад, айни замон мардум ҳам умеди зиёде надоранд, ки субот ба кишварашон баргардад.

Шаҳри Раққа дар Сурия пас аз солҳо ҷанги дохилӣ, ҳукмронии ДОИШ ва ҷанг барои дафъи онҳо, ки шаҳрро вайрон кард, нисбатан ором аст.

Гӯшаҳое аз шаҳрро ҳам барқарор кардаанд. Дигар гӯшаҳо пур аз оворагоне аст, ки дар зодгоҳҳояшон ҷанг идома дорад. Мардум мегӯянд, бо вуҷуди оромии нисбӣ дар инҷо, беҳбудиро дар ояндаи наздик интизор надоранд.

Амодӣ Дарин, сокини Раққа гуфт: “Мо аз назари равонӣ хаста шудем, вазъ ҳам бадтар мешавад. Илова бар ғаму хориву вайронӣ, ҳамаи хонаҳоямон аз даст рафт. Шавҳари ман дар зарбаи ҳавоӣ кушта шуд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бунбаст дар шаҳри Раққаи Сурия то ҳол идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Соли 2021 аз ҷанги дохилӣ дар Сурия 10 сол гузашт. Бисёриҳо тахмин мекунанд, ки ҳукумати президент Башшор Асад дар ниҳоят, Идлиб, охирин такягоҳи ошӯбгаронро пас мегирад.
Сокинони Идлиб мегӯянд, ки намехоҳанд, дигарбора мутеъи ҳукумат шаванд. Вале дар Сурия дигар ошӯби мардумӣ нест, балки бунбастест, ки ҳукумати Сурия, Туркия ва дигар қудратҳо дар он дармондаанд.

Баъзе қисматҳои Идлиб дар дасти Таҳрир ал-Шом, як созмонест, ки Амрико онро террористӣ мешуморад. Туркия қисматҳои дигар ва манотиқеро назорат мекунад, ки то ду сол пеш таҳти контроли Неруҳои Демократии Сурия, низомиёни минтақаи нимамухтори Курдистони Сурия буд. Ҷанг дар бисёре аз нуқот идома дорад, вале аксаран бо ҷангҷӯёни ДОИШ, ки замоне қудратро дар даст доштанд.

Фарҳод Шомӣ, намояндаи Неруҳои Демократии Сурия мегӯяд, “мо Раққаро аз дасти ДОИШ озод кардем, вале кори зиёде мондааст, ки бояд анҷом диҳем. Нерӯҳои мо барои маҳви ҳалқаҳои хуфтаи ДОИШ дар байни ғайринизомиён ба ёрӣ эҳтиёҷ доранд.”

Ҳафтаҳои гузашта, мақомоти Созмони Милал гуфтанд, ки тарҳи поён додан ба бӯҳрони амниятии Сурияро рехтаанд, вале ҷузъиёте надоданд. Дар айни ҳол, бӯҳрони иқтисодии бадтаршуда дар натиҷаи пандемияи коронавирус, зиндагии мардумро дар бисёре аз ҷойҳо ба мисли шаҳри Қамишлӣ сахт кардааст.

Иссом Ҳасан, сокини Қамишлӣ гуфт: “Инҷо зиндагӣ ҳеч арзише надорад. Агар як марди фақир, мисли ин мард, дастмоле нафурӯшад, наметавонад, барои бачаҳояш ҳатто нон бихарад.”

Тақрибан нисфе аз мардуми Сурия дар 10 соли ҷанг бехонумон гаштанд, 600 ҳазор нафар кушта ва ё бенишон шудаанд. Моҳҳои ахир низоъ фӯру нишаст, вале таҳлилгарон буҳрони Сурияро, “ҷанги дохилии дармоннопазир” ё “захми дармоннопазир” номидаанд, ки дар он поёни рӯшанеро дида намешавад.

XS
SM
MD
LG