Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умарҷон дар Хатлон барои арӯсон пироҳан медузад. ВИДЕО

Қиссаи Умарҷони дӯзанда
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Қиссаи Умарҷони дӯзанда

Як марди сокини вилояти Хатлон, ки барои арӯсон пироҳан медузад, муштарии зиёде пайдо кардааст.

Умарҷон Гадоев, баъди маъюб шудани пойҳояш дар хонааш дукони дӯзандагӣ боз кард. Ӯ дар деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиндагӣ мекунад. Дар ибтидо, ки аксаран дӯзандагиро касби занона медонистанд, кор барои Умарҷон душвор буд, вале ноумед нашуд ва диди мардумро тағйир дод.

Соли 2009 дукони хурдеро сохт ва занону духтарони бекори деҳаро дӯзандагӣ ёд дод. Ҳоло бархе аз онҳо соҳиби кори худ ҳастанд.

Умарҷон мехоҳад, корхонаи бузургтаре ташкил кунад, вале ба кумак эҳтиёҷ дорад.

Ӯ гуфт: “Мехоҳем, имкон шуд ё соҳибкоре дастгирӣ кунад, инҷоро васеъ кунем. Шогирдон зиёд ҳастанд, як ё ду моҳ дарс гирифта ба хонаводаи худашон хизмат мекунанд.”

Дар деҳаи Умарҷон, мисли деҳоти дигари Тоҷикистон, аксар занону духтарон бекоранд. Ӯ аз он мефахрад, ки андаке ҳам бошад, бекориро дар деҳааш кам кардааст.

Ӯ дар баробари дӯзандаи хуб будан, кишоварзи хуб ҳам ҳаст ва барои таъмини хонаводаи чаҳор нафарияш деҳқонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG