Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи 23-юми "Тоҷики тиллоӣ" дар бокси ҳирфаӣ


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ “Shamo Boxing Promotions 66”, ки дар маҷмааи варзишии "Криля Советов"-и шаҳри Маскави Русия доир гардид, чаҳор пирӯзӣ ба даст оварданд.

Барои мухлисони бокс рӯйдоди муҳим дар ин мусобиқа баъди чаҳор сол ба ринг ё майдончаи бокс баргаштани муштзани маъруфи тоҷик Соҳиб Усаров мебошад, ки бо лақаби “Golden Tajik” ("Тоҷики тиллоӣ") маъруф аст.

Соҳиб дар вазни 55 кило бо варзишгари узбек Бахит Абдураҳимов рақобат кард. Ӯ дар ин муборизаи тезу тунд ва ҷолиб бо тасмими якдилонаи доварон ба рақибаш дастболо шуд.

Зимнан, Соҳиб Усарови 38-сола дар бокси ҳирфаӣ то ҳоло ягон қувваозмоиро набохтааст. Вай дар ҳамаи 23 рақобат, аз ҷумла дар 8-тоаш бо нокаут, ғолиб гаштааст.

Соҳиб Усаров, ки 5-уми декабри соли 1983 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудааст, аз синни 15-солагӣ ба бокс машғул аст.

Вай аз соли 1999 дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад ва феълан мураббии бокс мебошад. Соҳиб аз соли 2006, яъне аз синни 22-солагӣ, дар сабқати бокси ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Соҳиб Усаров ғолиби Ҷоми Чин (2004), қаҳрамони Русия (2008), қаҳрамони секаратаи Маскав, ғолиби дукаратаи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ғолиби чоркаратаи Ҷоми Маскав, ғолиби дукаратаи мусобиқаи дараҷаи «А»-и бародарон Кличко мебошад.

Мавқеи беҳтарини ӯ дар феҳристи ҷаҳонии ВOXREC мақоми 5-ум дар соли 2012-ум аст. Усаров 2-юми октябри соли 2009 рақибаш Александр Фёдоровро шикаст дода, ба унвони қаҳрамони Аврупо аз рӯи ривояти Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) даст ёфтааст.

Ин муштзани ҳирфаии тоҷикистониву русиягӣ 4-уми феврали соли 2012 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қаҳрамони Олимпиадаи соли 2004 ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2001 Ян Бартелемии кубагӣ пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби камарбанди WBO Inter-Continental дар вазни дувуми сабуктарин шудааст.

Се муштзани дигари тоҷик низ дар «Shamo Boxing Promotions 66» рақибонашонро шикаст доданд. Давлат Болтаев дар вазни 91 кило бар Аҳмад Мамадҷонов аз Ӯзбекистон дар раунди аввал бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб омад.

Шаҳриёр Аҳмадов дар вазни 59 кило Шерзодбек Мамадҷонови узбекистониро дар раунди дувум бо нокаут мағлуб кард.

Анис Чилаев дар вазни 63 кило бар Артём Айвазиди украинӣ дар раунди аввал бо нокаут пирӯз шуд.

Бояд гуфт, ки созмони “Shamo Boxing” ба ташкил ва баргузории шабҳои бокси ҳирфаӣ машғул аст. Дар ин мусобиқа ҳам муштзанҳои навкор ва ҳам ғолибони бисёркарата ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG