Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ДОИШ. Осори бостонии Сурия ҳанӯз ҳам дар хатар аст. ВИДЕО


Осори бостонии Сурия ҳанӯз ҳам дар хатар аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Осори бостонии Сурия ҳанӯз ҳам дар хатар аст

Мақомоти маҳаллӣ дар шимолушарқи Сурия саъй доранд, осори боқимондаи бостониву бебаҳои кишварро нигаҳ доранд, ки дар ҷанги бештар аз даҳсолаи дохилӣ вайрону валангор шудаанд.

Қисматҳое аз маконҳои бостонии Сурия аз ҷангҳои байни неруҳои ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва ошӯбгарон эмин мондаанд ва ин гуруҳҳо мехоҳанд, ин осор барои ояндагон бимонад.

Ҷанг дар Сурия на танҳо ҳазорон нафарро куштаву бехонумон кард, балки бисёре аз макону осори бостонӣ дар саросари кишварро аз байн бурд. Аксаран маконҳои қадима дар шимолушарқи Сурия дар солҳои аввали ҷанг осеб дид, ки соли 2011 оғоз ёфт.

Аднон Беррӣ, намояндаи Идораи бостоншиносии шаҳри Ҳасакаи Сурия мегӯяд, “дар ин давраи бесарусомонӣ, гуруҳҳои зиёди мусаллаҳ ҳастанд. Маконҳои зиёди ҳафриётӣ дар ин давра зиён диданд. Баъзеашон арзишҳои муҳими таърихӣ доранд.”

Баъзе ашёи гаронбаҳои таърихиро аз осорхонаҳо дуздида фурӯхтаанд.

Зуҳур Сулаймон, намояндаи Неруҳои Амниятии Курдҳо мегӯяд, ки "аз аввали ҳамин сол 139 ашёи қадима, 543 тангаҳои бостонии дуздишударо аз дасти 62 нафар пас гирифтаанд."

Як таҳқиқи тоза нишон додааст, ки аз замони оғози ҷанг дар Сурия 40 ҳазор ашёи қадимаро аз Сурия ба тороҷ бурдаанд. Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ хостори муҳофизати осори фарҳангии Сурия шудаанд. Баъзе аз созмонҳои маҳаллӣ дар шимолушарқи Сурия худашон мекӯшанд, маконҳои бостониро муҳофизат ва барқарор кунанд.

Коршиносон мегӯянд, агар сулҳи пойдору роҳи ҳалли сиёсии муноқиша ёфта нашавад, осори гаронбаҳои Сурияи бостонӣ ҳамчунон дар хатар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG