Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гуфтанд, агар ҷаҳон ба онҳо кумак накунад, вазъ бадтар хоҳад шуд


Мақомоти Толибон дар дохили ҳавопаймо
Мақомоти Толибон дар дохили ҳавопаймо

Ҳукумати эътирофнашудаи Толибон дар Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кӯмаки молӣ кардааст.

Мақомоти ин гурӯҳ гуфтаанд, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири коҳиши фақр ва камтар шудани фирори афғонҳо ба хориҷ ба давлати онҳо бояд кумак кунанд. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини вазири хориҷаи Толибон дар нишасте рӯзи 18-уми декабр дар Кобул гуфт, Амрико миллиардҳо доллари Афғонистонро масдуд кардааст.

Ин нишаст дар рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён баргузор шуд ва дар он намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок доштанд.

Станакзай гуфт, ба ҳукумати онҳо иҷозат дода шавад, ки аз пулҳои масдудшуда истифода кунад. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳоло зарурат ба бозсозӣ дорад.

СММ дар банияе қаблан гуфта буд, ки эҳтимол дар Афғонистон гуруснагӣ бештар шавад. Ҳоло бархе шаҳрвандони ин кишвар аз гуруснагӣ тифлони худро мефурӯшанд.

Дар ин кишвар ҳоло миллионҳо нафар бекоранд ва низоми бонкӣ ба ҳам задааст.

Толибон нимаи моҳи август Афғонистонро ишғол карданд. Бо гузашти наздик ба чор моҳ ҳеҷ кишваре ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG