Дар шаҳри Деҳлӣ ҷаласаи сеюми “Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд” баргузор мешавад, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии (ВКХ) Тоҷикистон ҳам ширкат мекунад. Ба навиштаи вебсайти ВКХ, Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 17-уми декабр вориди Деҳлӣ шуд ва қарор аст ин сафари расмии дипломати тоҷик то 20-уми декабр идома кунад. Ба навиштаи хабаргузориҳои ҳиндӣ, ҷаласаи асосии муколамаи минтақавӣ рӯзи 19-уми декабр бо ширкати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Узбекистон баргузор мешавад.
Ариндам Багчи, намояндаи ВКХ Ҳинд дар нишасти матбуотии пеш аз ҷаласа гуфтааст, ки ин муколамаро аз ҷониби Ҳинд вазири корҳои хориҷӣ Субраманиям Ҷайшанкар намояндагӣ мекунад. Хабаргузориҳо гуфтанд, ки Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар вазирони хориҷаи ОМ ҳамчунин бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Моди дидору гуфтугӯ мекунанд.
Хабаргузории ТАСС менависад, дар умум дар ҷаласаи Деҳлӣ қарор аст масоили тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, тавсеаи тамосҳову ҳамкориҳо баррасӣ шавад. Масоили байналмилаливу минтақавӣ ҳам як бахши дигари ин гуфтугӯҳо мешавад. Ҷузъиёти дигари гуфтугӯҳо феълан маълм нест.
Тоҷикистону Ҳинд соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд, вале мизони тиҷорату додугурифтҳои иқтисодӣ дар солҳои охир чандон баланд нест. Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ду кишвар зиёда аз 70 адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ имзо кардаанд, вале соли 2019, яъне як сол пеш аз пандемияи коронавирус, гардиши мол байни ду кишвар 24 миллиону 262 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Дар давраи пандемия Ҳинд, ба унвони яке аз кишварҳои истеҳсолкунандаи воксинаи лисензионии Astrazeneka, ки дар Бритониё ихтироъ шудааст, ба Тоҷикистон дар доираи фармоишҳои барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ даҳҳо ҳазор моя воксинаи зидди COVID-19 ирсол кардааст.