Дар Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) пешниҳод шудааст, ки байни дастаҳои миллии минтақа "Ҷоми Наврӯз" баргузор шавад. Ин ҳамоиш рӯзи 16-уми декабр дар меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси"-и Душанбе баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ (Тоҷикистон), ноиби президенти CAFA Достонбек Конокбоев (Қирғизистон), аъзои Кумитаи иҷроияи CAFA - Равшан Эрматов (Узбекистон) ва Меҳдӣ Тоҷ (Эрон), инчунин роҳбарон ва вакилони федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Афгонистон ширкат доштанд. Дар Конгресс намояндагони Федератсияи футболи Туркманистон ба таври онлайн ширкат карданд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки таъсиси барномаи пуштибонии молиявии Конфедератсияи футболи Осиё ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ имкон дод, ки дар шароити пандемия чанд мусобиқа баргузор кунад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар соли 2021 мизбони се мусобиқаи CAFA буд.
Масъулини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мегӯянд, CAFA дар соли 2022 нақша дорад, ки ҳашт мусобиқаро барои синну соли гуногун ташкил намояд. Ба гуфтаи онҳо, иштирок дар ин мусобиқот ба дастаҳои мунтахаби кишварҳои ширкаткунанда марҳилаи хуби омодагиро ба мусобиқоти интихобии таҳти сарпарастии AFC фароҳам меорад ва албатта, бозигарон метавонанд маҳорати худро такмил диҳанд.
Дар Конгресс нақшаи чорабиниҳо ва буҷаи CAFA барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Дар фарҷоми Конгресс ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Равшан Эрматов пешниҳод кард, ки дар оянда мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз” байни дастаҳои мунтахаби миллии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар санаҳои ФИФА баргузор карда шавад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки барои дар оянда гузаронидани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон (U-17) ё ҷавонон (U-20) якчоя ариза пешниход намоянд.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад. Ӯ 24-уми апрели соли 2019 дар Душанбе президенти нави CAFA интихоб шудааст.
Муовинони ӯ дар ин мақом Достонбек Конокбоев аз Қирғизистон ва Арслон Ойназаров аз Туркманистон мебошанд. Феълан дафтари Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.
Пештар СССР буд ва аз зулми раисчхои махалли ба Москва шикоят мекарданд. Холо бошад касе ба доди мардуми одди намерасад. Бо чунин эхтироми раисчахо ва додарони раисчахо ва бо чунин рафтор нисбати мардуми одди боварии мардум аз Чаноби оли мегардад. Мардум ноумед мешавад.
Рахмонов Эмомали Шарипович, илтимос ба истеъфо равед. Худат медони ки мардум аз ту ва авлодат безор шудааст ва туро дигар намехоханд.30 соли дароз хукмрони карди вале натичаи хамаи кору захмати 30 солаат ба сифр баробар аст. Боре гуфта буди ки як бародари тракторист дориву халос аммо имруз ба як кабилаи калон ки хуни мардумро макида истодааст табдил гаштед. Озоди ту хамеша дар бари халк буди дигар ВАО-и Точикистон хамааш лаганбардору чоплус шудаанд. Ту Радиои Озоди шери нари.
Ана барои ҳами меганку шукр кунед ки чунин ватани азизу муқаддас доред шукр кунед шукр
Сад афсуски мо худбин шудем берахм шудем ба одамони мансабдор хама чиз мункину ба мардуми оди хеч чиз сад афсус кори хуб нашудас умдатан ин як мушкили тамоми чумхури хаст хама заминхо дар дасти вазифадоро дехкон дар мардикори
Ба телефони бовари ВКД занг занед 221.21.21