Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал моҳи январ доир мегардад


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон.

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони тими миллии Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, рӯзи 6-уми январ дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби миллии футзали кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 15-уми апрел баргузор мешавад, бозӣ мекунад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар сабади дувум дар баробари мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифт.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Сабади 1: Эрон, Узбекистон.

Сабади 2: Қирғизистон, Тоҷикистон.

Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.

Сабади 4: Непал, Молдив.

XS
SM
MD
LG