Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синамогарони тоҷик барои баррасии таҳияи як филми муштарак ба Узбекистон рафтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Синамогарони тоҷик барои баррасии ҷузъёти таҳияи филми муштарак дар бораи Абруҳамони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ озими Узбекистон шуданд. Толиб Ғайбуллозода, муовини мудири "Тоҷикфилм" 15-уми декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи нахустини синамогарони тоҷик аз тариқи гузаргоҳи марзии Панҷакент ба шаҳри Самарқанд сафар карданд ва гурӯҳи дувум имрӯз мустақиман ба Тошканд парвоз мекунанд.

Ба гуфтаи Толиб Ғайбуллозода, дар пойтахти Узбекистон маросими муаррифии тарҳи филми муштараки “Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ” баргузор мешавад ва сипас, коргардонҳо ва ҳунармандон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро сафар карда, маҳалли наворгирии ин филмро дидан мекунанд. "Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар интихоби ҳунармандони ду кишвар барои иҷрои нақшҳо дар ин филм дар назар аст",-афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи филми муштарак дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар ҷараёни сафари расмии ахири Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ гирифта шуд. То ин замон синамогарони тоҷик дар Узбекистон масоили муқаддамотии таҳияи ин филмро бо ҳамтоёни узбеки худ баррасӣ карданд.

Бо дарназардошти тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон наворгирӣ дар шаҳри Ҳироти ин кишвар мушкил пеш оварда, ба гуфтаи синамогарони тоҷик, ҳамтоёни узбекашон пешниҳод кардаанд, ки дар наздикии Самарқанд шаҳраки монанди Ҳиротро барои наворбардорӣ бисозанд.

Дар 30 соли охир коргардонҳои тоҷику узбек тақрибан ягон филми муштарак таҳия накардаанд. Дар се соли охир, пас аз нарм шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ҳузури баъзе аз ҳунармандони кишвари ҳамсоя дар филмҳои тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, Убайдулло Амон, ҳунарманди Узбекистон, дар филми "Бачаи обӣ"-и коргардони тоҷик Файзуллоҳи Файз нақш офаридааст.

Коргардонҳои тоҷик бар инанд, ки дастгоҳу таҷҳизоти филмсозии "Узбекфилм" пешрафта аст ва бо баҳонаи таҳияи филмҳои муштарак филмсозони тоҷик метавонанд аз он баҳра бигиранд. Ҳамчунин ин ҳамкорӣ боиси табодули таҷриба мегардад. Дар муқобил онҳо идея ва ҳунари худро пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG