Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи самбо дар Русия


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи самбо ба хотираи қаҳрамони Аврупо Владимир Куликов, ки дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегородски Русия баргузор шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари ин мусобиқа аз Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми декабр, аз шаҳри Джержински Русия хабар дод.

Ӯ гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори 26-ум баргузор шуд, зӯртарин самбочиён аз Арманистон, Булғористон, Камерун, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ширкат доштанд ва аз рӯи се дараҷаи вазнӣ миёни мардон рақобат карданд: самбои варзишӣ – вазни то 64 кг, самбои размӣ – вазни то 79 кг ва беш аз 98 кг.

“Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду варзишгар – Сорбон Латифов ва Рамазон Ҷумъаев - намояндагӣ карданд. Сорбон дар самбои варзишӣ дар вазни то 64 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Арманистон ва Русия ба финал роҳ ёфт. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири номдори узбекистонӣ, дукарат қаҳрамони ҷаҳон Давлатҷон Ҳамроев мағлуб шуд. Ҳамроев бо камарбанди ғолиби мусобиқа, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1000 доллар сарфароз гашт. Ба Латифов медали нуқра ва 500 доллар супурда шуд. Парассат Ҷмъабой аз Қазоқистон ва Михаил Диянови русиягӣ ҷойҳои сеюмро гирифтанд.”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон.

Ба иттилои ӯ, паҳлавони дигари тоҷик Рамазон Ҷумъаев дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 79 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 300 доллар мукофотонида шуд. Дар ин вазн Иван Ложкини русиягӣ мақоми аввалро касб кард. Ҳамватани ӯ Ованес Абгарян дуюм шуд. Ба ҷуз аз Рамазон Ҷумъаев, инчунин паҳлавони қирғиз Дайирек Карияев ҷойи севумро азони худ кард.

Зимнан, ин охирин мусобиқаи байналмилалӣ барои самбочиёни тоҷик дар мавсими имсола буд.

XS
SM
MD
LG