Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ тарма фаромадааст


Шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ. Акс аз соли гузашта
Шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ. Акс аз соли гузашта

Дар баъзе аз қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, бар асари боридани барфи зиёд тарма фаромадааст. Ширкати IRS масъули нигоҳубини ин роҳ мегӯяд, роҳсозон бо ҷалби техникаи зарурӣ барфтудаҳоро тоза ва қитъаҳои хатарнокро бо маводи зиддилағзиш коркард намуданд. Ба гуфтаи ширкат, феълан роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра боз мебошад.

Дар айни замон ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки дар вақти боридани борону барф, аз таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо занҷирҳо муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш насозанд.

XS
SM
MD
LG