Конфедератсияи футболи Осиё санаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро эълон кард. Рақибони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ 24-уми феврал маълум хоҳанд шуд, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин раванди "пошидан" ва механизми қуръакашии мусобиқаи интихобиро эълон кард. Пас аз нашри радабандии охирини FIFA сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷобаҷо карда мешаванд. Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 24-уми феврал доир мегардад, шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ ташкил мешавад.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобӣ дар шакли мутамарказ дар як давра – рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июни соли оянда баргузор хоҳанд шуд.
Ёздаҳ даста ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегирад - шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастаи аз рӯи нишондодҳо хубтари ҷойҳои дуюм.
Дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхат ба финали Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебарад. Ба ҷуз аз Тоҷикистон, инҳо дастаҳои Узбекистон, Урдун, Қирғизистон, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, Тайланд, Филиппин, Кувайт, Туркманистон, Мянмар, Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Малайзия, Молдив, Сингапур, Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Индонезия ва Камбоҷа мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар аллакай ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.