Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Тоҷикистон боз беш аз 299 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 дод


Амрико дар чаҳорчубаи барномаи ҷаҳонии COVAX, рӯзи 13-уми декабр ба Тоҷикистон боз 153 ҳазор воя ваксинаи Pfizer тақдим кард. Дар назар аст, ки 146 ҳазору 520 воя аз ин ваксина ҳафтаи ҷорӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шавад ва ба ин тартиб, шумораи умумии он ба 299 520 мерасад.

Аз Сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ваксинаҳо аз сӯи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID ба Тоҷикистон тақдим шуд. Амрико то кунун ба Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 2 446 180 воя ваксина (Pfizer -- 823 680 воя) ва (Модерна -- 1 622 500 воя) кӯмак кардааст.

Амрико ҳамчунин аз баҳори соли гузашта то кунун ба Тоҷикистон барои мубориза бо ин бемории ҳамагир беш аз 12 миллион доллар таҷҳизот ва кӯмакҳои техникӣ расондааст.

Ин кӯмаки Вашингтон ба Тоҷикистон бахше аз ӯҳдадориҳои ҳукумати ИМА оид ба додани 1,1 миллиард воя ваксина ба кишварҳои ниёзманд мебошад. Амрико то кунун дар саросари ҷаҳон барои мубориза бо КОВИД-19 беш аз 5,7 миллиард доллар кӯмак кардааст.

XS
SM
MD
LG