Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд нархи газ боло рафт ва бензин арзон шуд


Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Хуҷанд нархи гази моеъ 20 дирам баланд рафтааст. Ба навиштаи хабаргузории "Суғднюс" дар нуқтаҳои фуруши маводи сӯхт гази моеъ бар ивази 7 сомониву 20 дирам то 7 сомониву 30 дирам пешниҳод мешавад. Ҳафтаи пеш аз 7 то 7 сомониву 10 дирам буд. Фурӯшандаҳо мегӯянд, болоравии нарх ба тағйирот дар қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ вобаста мебошад.

Дар маркази вилояти Суғд арзиши бензини навъи 92 -10 дирам арзонтар шуда, 10 сомониву 80 дирам таъйин шудааст. Агарчӣ қаблан қиммати гази моеъ вобаста ба шурӯъ ва анҷоми корҳои кишворазӣ боло мерафт, имсол новобаста ба ин, якумбор ҷаҳиши рекордии нархи он мушоҳида шуд, ки ба 9 сомонӣ расида буд.

XS
SM
MD
LG