Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тилло гирифт


Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик
Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик

Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқа аз 7-ум то 11-уми декабр ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд.

Миҷгона Самадова дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Мишидма Эрденеделай аз Муғулистон ва Моника Серафин аз Лаҳистон (Полша) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Малика Шаҳидоваи русиягиро мағлуб кард ва ба финал баромад. Муштзани тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Мунгунсаран Балсани муғулро шикаст дод.

Дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои ихроҷкунандаи нафт, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнӣ миёни мардон ва 6 дараҷаи вазнӣ миёни занон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 кишвар ширкат карданд: Беларус, Зимбабве, Лаҳистон (Полша), Кипр, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Чили, Ҷумҳурии Чех ва Эстония.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз аз Миҷгона Самадова, ҳамчунин Шоира Зулқайнарова, Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Абдураҳмон Ёқубов, Шамшер Саидов, Наврӯз Ҷафоев ва Сулаймон Нодиров шомил буданд. Вале аз байни онҳо танҳо Миҷгона тавонист медал бигирад.

Ёдовар мешавем, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи майи имсол дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуда буданд. Миҷгона дар вазни то 57 кило ва Шоира дар вазни то 60 кило мақоми севумро азони худ карда, ба ғайр аз медал бо ҷоизаи молӣ ҳар кадом дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз шуданд.

XS
SM
MD
LG