Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додугирифти Эрону Тоҷикистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст


Иброҳим Раисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҷалассаи сарони кишварҳои СҲШ дар Душанбе суҳбат карданд.
Иброҳим Раисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҷалассаи сарони кишварҳои СҲШ дар Душанбе суҳбат карданд.

Вазорати хориҷаи Эрон хабар додааст, ки дар ду моҳи ахир ҳаҷми додугирифт бо Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Дар пайи сардии робитаҳо баъд аз мамнӯъ шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон соли гузашта ҳаҷми додугирифти ду кишвар ҳамагӣ ҳудуди 57 миллион доллар шуда буд. Соли 2013 ин рақам ба як каме бештар аз 292 миллион доллар мерасид.

Расонаҳои эронӣ ба қавл аз Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон дар умури иқтисод навиштаанд, ки дар ду моҳи ахир ҳаҷми содирот ба Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ба Тоҷикистон асосан мошинолот содирот шудааст. Намояндаи вазорати хориҷаи Эрон афзудааст, ки дар зудтарин фурсат иҷрои чанд тарҳи дигар ба маблағи 350 миллион доллар дар назар аст, ки боиси рушди бесобиқаи нишондодҳои додуситади миёни ду кишвар мешавад.

Дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барои шарҳи ин мавзӯъ ҳозир нашуд. Аммо, Маҳмадамин Оймаҳмадов, мушовири “Ориёнбонк”, ки аз таҷрибаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ бархурдор аст, мегӯяд, ки аз оғози соли нави мелодӣ иҷрои чанд тарҳи гаронарзиш шурӯъ мешавад. “Ҳоло аз Эрон ба Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ ва мошинолот асосан барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ва идомаи фаъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, барои роҳсозӣ ворид мешаванд. Дар оғози соли нав иҷрои чанд тарҳи нави боарзиш шурӯъ мешавад, ки аз он огоҳӣ хоҳед ёфт”,--гуфт ӯ.

Маҳмадамин Оймаҳмадов афзуд, ки хуруҷи бемории COVID-19 дар иҷрои чанд тарҳи дигар монеа эҷод карда буд ва бо беҳтар шудани вазъ нишондоди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон боз ҳам беҳбуд меёбанд.

Доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки беҳбуди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон баъд аз азсаргирии равобити дипломатии миёни Душанбе ва Теҳрон дар соли 2018 оғоз шуд. Он сол Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон ба раиси ҷумҳури Эрон мулоқот анҷом дода, роҳро барои сафари мақомоти баландпояи дигари тоҷик барои ҳамкорӣ бо ҷониби эронӣ боз кард.“Ҳоло дақиқ аст, ки ҷониби Эрон ба сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла, минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, “Суғд” ва “Панҷ” омода аст ва фикр мекунам, соли оянда барои таъсиси чанд корхонаи бузург дар ин минтақаҳо сармоягузорӣ хоҳад кард”,--гуфт Умаров.

Пас аз қазияи зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ, сармоягузори эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон, ки ин кишвар Эронро пуштибонӣ он ном бурд, мизони додугирифт миёни ду кишвар пайваста коҳиш меёфт. Агар дар соли 2013 ду кишвар ба маблағи беш аз 292 миллион доллар додугирифт карда бошанд, соли гузашта ин рақам баробари 57,7 миллион доллари амрикоӣ шуд.

Эрон дар соли 1991 якумин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф кард ва то соли 2013 яке аз умдатарин шарикони иқтисодии Душанбе дониста мешуд. Тӯли ин солҳо бозорҳои Тоҷикистон саршор аз моли тавлидотии Эрон буд. Нақби “Истиқлол” дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки бузургтарин нақб дар Тоҷикистон аст, аз тарҳҳое буд, ки онро Эрон анҷом дод ва ҳаракат миёни шимол ва пойтахти кишварро осон кард.

Ин нақб бо мусоидати молӣ ва фаннии Эрон сохта шуд. Ҳамчунин, Эрон нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро бунёд кард, аммо ширкати “Барқи тоҷик” ҳамасола дар пардохти арзиши нерӯи барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳ қарздор мешавад. Дар ҳамин ҳол, манобеи огаҳ мегӯянд, ки ахиран ҷониби Эрон ироаи визаи сайёҳӣ барои сокинони Тоҷикистонро дубора оғоз кард ва ҳамакнун теъдоди тоҷикистониёне, ки барои табобат ба Эрон мераванд, дар ҳоли афзоиш будааст. Танҳо парвози ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон тоҷирони эрониеро меоварад, ки машғули ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷик ҳастанд. Гуфта мешавад, ки дар зудтарин фурсат як ширкати нави ҳавоии Тоҷикистон парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳронро низ азсар мегирад.

XS
SM
MD
LG