Иёлоти Муттаҳида дар Додгоҳи таҷдиди назари Бритониё як даъворо бурд, ки бар асоси он муассиси "Викиликс", Ҷулиан Ассанж, ба Амрико таслим карда хоҳад шуд.
Ассанжи 49-сола ба рахна кардани компютерҳои ҳукуматӣ ва паҳн намудани маълумоти махфӣ муттаҳам аст.
Додраси Додгоҳи таҷдиди назари Бритониё 10-уми декабр ҳукми таслим намудани муассиси "Викиликс"-ро эълон кард, аммо номзади ӯ гуфт, ба зудӣ дубора ба додгоҳ муроҷиат мекунанд.
Ҷулиан Ассанж дар соли 2012 аз тарафи Эквадор ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ эътироф шуда, дар сафорати ин кишвар дар Лондон пинҳон буд. Ӯ моҳи апрели соли 2019 бо талаби Амрико аз сафорати Эквадор берун карад шуда ва аз тарафи мақомоти Бритониё боздошт гардид.