Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Тошканд хост, Фозилхӯҷа Орифхӯҷаевро озод кунад


Фозилхӯҷа Орифхӯҷаев
Фозилхӯҷа Орифхӯҷаев

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз мақомоти Узбекистон хостааст, ки "айбҳои беасос"-ро нисбати блогнависи зиндонӣ Фозилхӯҷа Орифхӯҷаев бекор карда, ӯро фавран аз зиндон озод кунанд.

Дар изҳороти созмон омадааст, "ба далели як навори содда"-и Орифхӯҷаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба хатар эҷод кардан ба амнияти ҷамъиятӣ айбдор кардаанд. Ҳоло, дар асоси ин модда, ӯро 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Орифхӯҷаев 28-уми июни соли 2021 бо гумони "майдаавбошӣ" боздошт шуд. Мебоист, вай баъди 15 рӯз озод шавад, аммо ҳамоно дар ҳабс аст ва нисбаташ парвандаи нав таҳқиқ мешавад.

Орифхӯҷаеви 41-сола аз сиёсатҳои мақомоти Узбекистон дар бахши дин интиқод мекард. Ӯро дар ибтидо баъди як баҳси лафзӣ бо блогери ҳукуматгаро Аброр Абдуазимов боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG