Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид. Хуҷандиҳо дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021, ки имрӯз, 9-уми декабр, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дастаи "Истиқлол"-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.

Дар 90 дақиқаи замони асосии дидор футболбозони ҳарду даста аз имкониятҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Бахусус бозигарони «Хуҷанд» бартарӣ доштанд, аммо муваффақ нашуданд.

Бар асоси низомномаи Ҷоми Тоҷикистон сардовари ин бозӣ - Беҳрӯз Муртазоеви душанбегӣ 30 дақиқа (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин кард. Ғолиб дар замони изофа маълум шуд.

Ду голи дар замони изофа (дақиқаҳои 104-ум ва 117-ум) задаи Ҳоҷибой Зиёев ва Артём Сердюк ба «Хуҷанд» пирӯзӣ овард. Зиёев ду дақиқа пеш аз голи задаш ба майдон омада буд. Ӯ тӯби баргардондаи дарвозабони «Истиқлол» Шоҳрух Қирғизбоевро баъди зарбаи ҷаримавии Наимҷон Иброҳимзода аз масофаи наздик ба ҳадаф расонд. Сердюк низ тӯбро аз ҷаримагоҳ, аз назди дарвоза ба самар расонид.

Қаблан дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд. Соли 2010 душанбегиҳо бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 хуҷандиҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» дар таърихи худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. «Хуҷанд» панҷ маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008, 2017 ва 2021 Ҷоми кишварро ба даст овардааст.

Ба дастаи ғолиб – «Хуҷанд» - ба ҷуз аз Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тилло, ҷоизаи молӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Ба финалист – «Истиқлол» - медалҳои нуқра ва 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин ба бозигари беҳтарини бозии ниҳоӣ – Далерҷон Баротов, дарвозабони «Хуҷанд», ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ эҳдо шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Финал

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 0:2

Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, 104 (0:1). Артём Сердюк, 117 (0:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров (Ислом Зоиров, 91), Далер Имомназаров, Шервонӣ Мабатшоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Рёта Нома, Шаҳром Сулаймонов (Шарифбек Раҳматов, 79), Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (капитан).

Сармураббӣ – Виталий Левченко

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Далерҷон Баротов, Олимҷон Каримов (Алишер Баротов, 68), Самандар Очилов, Наимҷон Иброҳимзода, Фирдавс Абдусалимов, Эҳсон Бобоев (Ҳоҷибой Зиёев, 102), Кароматулло Саидов, Нозим Бобоҷонов, Далер Ёдгоров (Комрон Турсунов, 68), Дилшод Бозоров, Артём Сердюк (Ҷумъабой Каримов, 117).

Сармураббӣ – Рустам Хоҷаев

Огоҳӣ гирифтанд: Амирбек Ҷӯрабоев, Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Фаррух Бердиев («Истиқлол»), Фирдавс Абдусалимов, Наимҷон Иброҳимзода, Далер Ёдгоров, Комрон Турсунов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари дидор: Далерҷон Баротов («Хуҷанд»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

9-уми декабр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 20 700 тамошобин.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 29-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд” панҷ бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (феълан «Хатлон»-и Бохтар) , “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2021):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.

2020 «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0.

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

XS
SM
MD
LG