Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум: "Аврупо вориди асри деворҳо ва симхор шудааст"


Попи Рум дар як урдугоҳи паноҳандагон дар Юнон. 5 сентябр, 2021.
Попи Рум дар як урдугоҳи паноҳандагон дар Юнон. 5 сентябр, 2021.

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рузи якшанбеи 5-уми декабр ҳини боздид аз урдугоҳи паноҳандагон дар ҷазираи Лесбоси Юнон, истифодаи кишварҳо аз буҳрони паноҳандагон барои ҳадафҳои сиёсиро маҳкум кард.

Поп Франси, ки ба урдугоҳи "Моврунӣ" рафта буд, амалкарди бархе раҳбарони кишварҳои аврупоиро барои сохтани девор ва кашидани симхор барои пешгирӣ аз ворид шудани муҳоҷирон, "дардовар" хонд.

Вай ҳамчунин аз ворид шудани Аврупо ба "асри деворҳо ва симҳои хордор" ибрози таассуф кард ва ибораи "киштии шикастаи тамаддун"-ро барои баёни вазъияти кунунии паноҳҷӯён дар ҷаҳон, ба кор бурд.

Ин дувумин боздиди Поп Франсис аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар панҷ соли гузашта аст. Паноҳгоҳи "Мавронвоуни", ки атрофи он бо симент, сими хордор ва баҳр иҳота шудааст, ҷойгузини урдугоҳи дигаре шуд шуд, ки соли гузашта дар оташ сухт.

Попи Рум бо ишора ба дидори нахусти худ дар соли 2016 дар ин урдугоҳ гуфт, аз ин ки шароити паноҳҷӯён дар ҳамаи ин солҳо тағйире накардааст, андуҳгин аст. Поп дар бозгашт аз сафари нахусти худ, 12 паноҳҷӯи суриягиро бо худ ба Италия бурда буд.

Тибқи созиши соли 2016 байни Иттиҳоди Аврупо ва Туркия, ин кишвар уҳдадор шуд, ки ҳаракати садҳо ҳазор муҳоҷир ва паноҳҷӯро аз хоки Туркия ба тарафи Юнон пешгирӣ мекунад.

Ҳарчанд ин созиш ба таври чашмгире ворид шудани муҳоҷиронро коҳиш дод, вале раванди тулонӣ ва кунди баррасии дархости паноҳандагии афроде, ки ба Юнон расидаанд, боис шудааст, ки афроди зиёде дар урдугоҳҳо боқӣ бимонанд.

Тибқи оморҳои нашршуда, то кунун ҳазорон зан, мард ва кӯдак дар талош барои расонидани худ аз Шимоли Африқо ба хоки Аврупо, дар ҳини убур аз Баҳри Миёназамин ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG