Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо боло рафт


Мавқеи варзишгарони тоҷик дар радабандии нави ҷаҳонӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқаи охирини мавсими имсола - Abu Dhabi Grand Slam 2021 нашр кардааст, тағйир ёфт.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Abu Dhabi Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 26-28-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу Забӣ - баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило медали нуқра гирифт. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ ба гуштигирон имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар радабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд.

Темур Раҳимов дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило як зина боло шуд ва бо 3235 имтиёз дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Ин натиҷаи беҳтарин дар байни варзишгарони тоҷик аст.

Комроншоҳ Устопириён дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило чаҳор зина боло шуд ва бо 2497 имтиёз ҷойи 13-умро азони худ кардааст. Ин дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи дуюм аст.

Мавқеи Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 2257 имтиёз ҷойи 19-ум мебошад. Ин дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи сеюм аст.

Мақоми чаҳорумро дар миёни ҷудокорони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров касб намудааст. Ӯ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 60 кило бо 890 имтиёз дар ҷойи 46-ум қарор дорад.

Акмал Муродов дар байни варзишгарони тоҷик дар ҷойи панҷум аст. Ӯ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 658 имтиёз дар ҷойи 55-ум мебошад.

Ҷаҳонгир Маҷидов мавқеашро дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило 110 зина беҳтар намуд ва бо 536 имтиёз ҷойи 58-умро ишғол кардааст. Ӯ дар миёни ҷудокорони тоҷик дар ҷойи шашум аст.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки ба иллати латхӯрӣ дар бисёр мусобиқот ширкат накард, дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 580 имтиёз ҷойи 60-умро касб намудааст.

Шакармамад Мирмамадов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 258 имтиёз ҷойи 72-юмро ишол мекунад.

XS
SM
MD
LG