Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик Далер Ризозода ба даҳгонаи беҳтарин гуштигирони ҷаҳон дохил шуд


Далер Ризозода.
Далер Ризозода.

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW - United World Wrestling) феҳристи навшудаи беҳтарин гуштигирони тарзи озод ва юнониву румиро дар сомонаи худ нашр кард. Ба ин феҳрист узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Далер Ризозода низ шомил шудааст. Ӯ дар риштаи гуштии юнониву румӣ дар радабандии вазни то 77 кило дар ҷойи 9-ум қарор дорад.

Феҳристи UWW аз рӯи натиҷаҳои ба даст овардаи гуштигирон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар чанд моҳи ахир тартиб дода, дар ҳар як вазн бист варзишгари беҳтарин муайян карда шудааст.

Далер Ризозода дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Ӯ, ки дар вазни то 77 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманро шикаст дод.

Далер дар даври ниманиҳоӣ бар Дамеу Жадраеви қазоқ ғолиб омад. Вале паҳлавони тоҷик ба иллати латхӯрӣ натавонист дар қувваозмоии ниҳоӣ иштирок намояд. Медали тилло ба гуштигири эронӣ Пижман Поштам супурда шуд. Далер Ризозода медали нуқра гирифт.

Вале дар феҳристи нави UWW дар намуди гуштии озод ягон нафар аз Тоҷикистон ба бистгонаи беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон дар вазнҳои худ шомил нашудааст. Ҳол он ки дар радабандии қаблӣ се узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кило дар ҷойи 12-ум, Ҳикматулло Воҳидов дар вазни то 57 кило дар ҷойи 13-ум ва Искандари Рустам дар вазни то 97 кило дар ҷойи 17-ум қарор доштанд.

Инчунин дар радабандии пешин дар намуди гуштии юнониву румӣ аз Тоҷикистон танҳо як нафар - Мубинҷон Аҳмадов - ба бистгонаи беҳтаринҳо шомил шуда буд. Ӯ дар миёни гуштигирони вазнашон то 63 кило дар ҷойи 20-ум қарор дошт.

XS
SM
MD
LG