Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияҳои Эрон, Тоҷикистон ва Лубнон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё мушаххас шуд


Бозиӣ миёни "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ.
Бозиӣ миёни "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ.

Конфедератсияи футболи Осиё меъёри ҳузури Тоҷикистон ва Лубнонро дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар расонаҳо хабаре пахш шуда буд, ки саҳмияҳои Тоҷикистону Лубнон барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 ба далели дер фиристодани аснод лағв шудаанд.

Аммо торнамои "Рейтинги футбол" бо нашри як хабари фаврӣ эълом кард, ки Конфедератсияи футболи Осиё ба бошгоҳҳои Тоҷикистон ва Лубнон иҷозаи ширкат дар ин мусобиқотро додааст. Ҳамин тариқ, бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҳузур хоҳад дошт. Инчунин дар Ҷоми AFC-2022 аз Тоҷикистон ва Лубнон дудастаӣ иштирок мекунанд.

Саҳмияҳои Эрон -- кишвари ҳамзабони Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 тибқи фасли пешин 2+2 мебошад. Аз ин рӯ, «Персеполис» ва «Фулод» ба далели пирӯзӣ мутаносибан дар Лигаи бартар ва Ҷоми Эрон ба сурати мустақим дар марҳилаи гурӯҳӣ ширкат хоҳанд кард. "Сипоҳон" ва "Истиқлол" бошанд, бояд дар марҳилаи плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 иштирок кунанд.

Бар асоси муқаррароти AFC, дар солҳои қаблӣ дар сурати лағви саҳмияҳои ин гуна кишварҳо, саҳмияҳои Эрон 3+1 буд, яъне “Сипоҳон” мустақиман дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 ширкат меварзад.

Бар асоси ин хабар, саҳмияҳои Эрон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 мисли пештара 2+2 боқӣ монд ва “Сипоҳон” аз шонси ширкат дар сабқати гурӯҳӣ маҳрум шуд. “Сипоҳон” ва бошгоҳи дигари эронӣ - “Истиқлол” - бояд дар даври плей-офф ширкат варзанд.

XS
SM
MD
LG