Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даври охирини қаҳрамонии Тоҷикистон барандаи медалҳои биринҷӣ маълум мешавад


Бозии мавқуфмондаи даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе – бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Ин бозӣ 30-юми ноябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Зимнан, «Истиқлол», ки пешакӣ медалҳои тиллои мусобиқаи лигаи олиро соҳиб гашт, бори даҳум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. «Хуҷанд» бошад, барандаи медалҳои нуқра гардид.

Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан талош доранд. Дастае, ки ҷойи сеюмро мегирад, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 мешавад.

Ду давр қабл аз хотимаи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 аввалин дастае, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян шуда буд. Ин тими «Душанбе»-и шаҳри Душанбе мебошад. Дуюмин дастаи ноком «Равшан»-и Кӯлоб, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Файзканд»-и Восеъ ё «Кӯктош»-и Рӯдакӣ мешаванд, ки дар минтақаи хатар қарор доранд.

Ба ин тартиб, дар даври охирини мусобиқа, ки 5-уми декабр доир мегардад, барандаи медали биринҷӣ ва дастаи дуюме, ки лигаи олиро тарк хоҳад кард, муайян хоҳанд шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:0

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Далерҷон Баротов, Наимҷон Иброҳимзода, Олимҷон Каримов, Самандар Очилов, Фирдавс Абдусалимов, Нозим Бобоҷонов, Эҳсон Бобоев, Ҷумъабой Каримов (Комрон Турсунов, 52), Далер Ёдгоров, Дилшод Бозоров, Артём Сердюк.

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (Шарифбек Раҳматов, 64), Алишер Ҷалилов (Шаҳром Сулаймонов, 22), Рёта Нома, Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров.

Беҳтарин бозигари дидор: Рёта Нома («Истиқлол»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

30-юми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

26

20

5

1

76-8

65

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

26

17

4

5

52-25

55

3

КМВА (Душанбе)

26

11

8

7

36-29

41

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

26

11

6

9

28-25

39

5

«Хатлон» (Бохтар)

26

10

6

10

29-31

36

6

«Равшан» (Кӯлоб)

26

7

8

11

27-34

29

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

26

8

3

15

32-49

27

8

«Файзканд» (Восеъ)

26

7

5

14

18-36

26

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

26

7

5

14

37-56

26

10

«Душанбе» (Душанбе)

26

4

6

16

23-65

18

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 11-голӣ.

Даври 27-ум

5-уми декабр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG