Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ аз 25-ум то 28-уми марти соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи баргузор кардани мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ соли 2022 дар Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Усама Аҳмад Ал-Шафар мувофиқа шуда буд.
27-уми ноябр президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Дар бораи баргузор кардани мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ 25-28-уми марти соли 2022 дар Душанбе миёни Конфедератсияи велосипедронии Осиё ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон шартнома ба имзо расид.
Пойгаи велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар масофаи аз 150 то 240 километр ва миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар масофаи 22 километр сурат мегирад.
Зимнан, велосипедронӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон яке аз намудҳои маъмулу пешқадами варзиш маҳсуб мешуд. Варзишгарони тоҷик дар ин риштаи олимпӣ ба дастовардҳои бузург мушарраф шуда буданд. Намояндагони Тоҷикистон Станислав Шепел, Саид Ҳусейнов ва Николай Макаров дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ борҳо пирӯзӣ ба даст овардаанд.
Вале солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон велосипедронӣ қариб аз байн рафта буд ва пас аз таъсиси Федератсияи велосипедронии кишвар (соли 2009) ин намуд дар ҷумҳурӣ азнав эҳё шуд. Профессор Анвар Бобоҷонов, собиқадори варзиш ва олими соҳа, ки соли 2010 аз олам чашм пӯшид, аввалин президенти Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон интихоб шуда буд.