Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лионел Месси барои ҳафтумин бор барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуд


Лионел Месси, ҳамлагари ПСЖ ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронса ва мунтахаби Аргентина барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2021 гардид. Ин ҷоиза бори ҳафтум ба ӯ супурда шуд. Маросими ҷоизасупорӣ 29-уми ноябр дар Порис баргузор шуд.

Мақоми дувумро дар раъйдиҳӣ ҳамлагари «Бавария»-и Олмон ва мунтахаби Полша Роберт Левандовски соҳиб шуд. Мақоми севум насиби Жоржинйо аз «Челси»-и Англия гардид.

Месси соли 2021 дар ҳайати «Барселона» Ҷоми Испанияро соҳиб шуд. Инчунин ӯ барандаи Ҷоми Амрико дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина гардид. Аз мавсими нав ӯ дар дастаи ПСЖ бозӣ мекунад. «Барселона» ба иллати мушкилоти молӣ натавонист бо Месси қарордоди нав ба имзо расонад.

Футболбози 34-солаи аргентинӣ қаҳрамони даҳкаратаи Испания, барандаи ҳафткаратаи Ҷоми кишвар ва барандаи ҳашткаратаи Суперҷоми Испания мебошад. Ӯ чаҳор бор ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардида, себорӣ Суперҷоми УЕФА ва мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳҳои ҷаҳонро соҳиб шудааст.

Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина барандаи Ҷоми Амрико, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон шудааст. Қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2008, ғолиби қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон аст. Ду бор беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи FIFA эътироф шудааст.

Ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ", ки онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии «France Football” месупорад, соли 1956 таъсис ёфтааст. Соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус маросим лағв шуда буд.

Аз соли 1956 то 2006 ғолиб тибқи раъйдиҳии хабарнигорон муайян карда мешуд, аз соли 2007 ҳаққи овоздиҳиро, инчунин мураббиён ва капитанҳои мунтахабҳои миллӣ гирифтанд.

Аз соли 2010 "Тӯби тиллоӣ" якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) супурда мешуд, аз соли 2016 «France Football” ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис дод, ки он ин дафъа 17-уми январи соли 2022 маълум хоҳад шуд.

Ба рӯйхати муддаиёни "Тӯби тиллоӣ" имсол 30 футболбоз дохил буд: Сесар Аспиликуэта ("Челси", Англия); Николо Барелла ("Интер", Италия); Карим Бензема ("Реал", Испания); Леонардо Бонуччи ("Ювентус", Италия); Кевин де Брёйне ("Манчестер Сити", Англия); Ҷорҷо Келлини ("Ювентус", Италия); Криштиану Роналду ("Манчестер Юнайтед", Англия); Браим Диас ("Реал", Испания); Ҷанлуиҷи Доннарумма (ПСЖ, Фаронса); Бруну Фернандеш ("Манчестер Юнайтед"); Фил Фоден ("Манчестер Сити"); Эрлинг Ҳоланд ("Боруссия", Олмон); Жоржинйо ("Челси", Англия); Гарри Кейн ("Тоттенҳэм", Англия); Н'Голо Канте ("Челси", Англия), Симон Кйер ("Милан", Италия), Роберт Левандовски ("Бавария", Олмон); Ромелу Лукаку ("Челси", Англия); Риёд Маҳрез ("Манчестер Сити"); Лаутаро Мартинес ("Интер", Италия); Килиан Мбаппе (ПСЖ, Фаронса); Лионел Месси (ПСЖ, Фаронса); Лука Модрич ("Реал", Испания), Жерар Морено ("Вилярреал", Испания), Мейсон Маунт ("Челси", Англия), Неймар (ПСЖ, Фаронса); Педри ("Барселона", Испания); Муҳаммад Салоҳ ("Ливерпул", Англия); Раҳим Стерлинг ("Манчестер Сити", Англия); Луис Суарес ("Атлетико", Испания).

Аз ҳама бештар ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси ба даст овардааст, ӯ ҳафт маротиба (2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021) баранда шудааст.

Аз ҷиҳати теъдоди ин ҷоиза ҳамлагари португолӣ Криштиану Роналду дар мақоми дувум аст. Ба ӯ "Тӯби тиллоӣ" панҷ бор (2008, 2013, 2014, 2016, 2017) супурда шудааст.

Мақоми севумро фаронсавӣ Мишел Платини, ҳолландиҳо Йохан Кройф ва Марко Ван Бастен соҳиб гаштаанд. Ин бозигарон себорӣ ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро ба даст овардаанд. Платини солҳои 1983, 1984 ва 1985, Кройф солҳои 1971, 1973 ва 1974, Ван Бастен солҳои 1988, 1989 ва 1992 ин ҷоизаро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG