Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Номаҳои беҷавоб". Гузориши НАНСМИТ дар бораи мушкил шудани кори рӯзноманигорон. ВИДЕО


Маҷмааи "Шарқи Озод", ҷойи кори чандин нашрия ва радиоҳои Тоҷикистон
Маҷмааи "Шарқи Озод", ҷойи кори чандин нашрия ва радиоҳои Тоҷикистон

Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон бо нашри гузорише гуфтааст, гирифтани иттилоъ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон бисёр мушкил шудааст. Дар гузориши НАНСМИТ омадааст, ҳатто додситонӣ, ки масъули назорати иҷроиши қонунҳо аст, талаботи қонун барои пешниҳоди иттилоъро риоя намекунад. Масъулини додситонӣ ба ин гузориш вокуниш накардаанд. Коршиносон аз он нигаронӣ доранд, ки худдории мақомот аз додани иттилои расмӣ, фазоро барои хабарҳои дуруғ боз мекунад.

“Барои хабари одӣ ҳам дархост мепурсанд”

Баҳманёр Надиров, роҳбари эҷодии хабаргузории “Азия-Плюс” ва ҳамкоронаш тақрибан ҳар рӯз барои гирифтани маълумот ба мақомот муроҷиат мекунанд. Вале ин кор барои онҳо осон нест. Чун ба гуфтаи Надиров, барои тасдиқи як хабари одӣ лозим меояд аз сухангӯи ниҳод то роҳбари болоӣ занг зананд, вале баъзан бефоида.

Баҳманёр Надиров
Баҳманёр Надиров

“Барои тасдиқи хабари фаврӣ ки ҳамин замон бояд пахш шавад дархости журналистӣ талаб мекунанд, ки албатта барои як хабари одӣ дуруст нест. Ин ҳолат ба паст шудани маводи ВАО-и дохилӣ оварда мерасонад. Дар чунин ҳолат фазоро онҳое пур мекунанд, ки мехоҳанд бо маълумоти бардуруғ аз вазъият сӯистифода кунанд,”-афзуд Баҳманёр Надиров.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Дар Тоҷикистон дарёфти маълумот аз манбаъҳои расмӣ душвор шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил (НАНСМИТ) дар гузоришаш гуфтааст, ҳоло манбаъҳо василаи асосии гирифтани иттилоъ барои рӯзноманигорон боқӣ мемонанд.

Интиқодҳо дар бораи мушкил шудани дарёфти иттилоъ аз идораи расмӣ чанд сол аст, ки садо медиҳад. Вале мақомот ҳамеша мушкили дастрасӣ ба иттилои расмиро рад мекунанд. Нишасти хабарии роҳбарони сохторҳо, ки ҳар шаш моҳ баргузор мешавад, ба гуфтаи мақомот як далели ҳамкории хуби онҳо бо расонаҳо аст.

Мактубҳои беҷавоб ё ҷавобҳое, ки баъди 3 моҳ мерасанд

Дар ин миён танҳо кормандони хабаргузории “Азия-Плюс” нестанд, ки аз гирифтани маълумот аз мақомот шикоят доранд. Дигар расонаҳои ғайридавлатӣ аз ҷумла Радиои Озодӣ ҳам солҳои ахир дар гирифтани назари мақомот ба мушкил рубарӯ мешаванд.

Муҳаммадвафо Раҳматов, мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯяд, вақте хабарнигорони ин расона ба вазорату идораҳо барои гирифтани маълумот муроҷиат мекунанд, одатан намояндагони мақомот нома талаб мекунанд.

"Пас аз фиристодани номаҳо мо ба чанд ҳолат рубарӯ мешавем. Аввал, дар аксари ҳолатҳо ба номаҳоямон посух дарёфт намекунем. Дигар ин, ки ба номаҳои мо посух дода мешавад, вале хеле ҳам дер – як, ду ва ҳатто се моҳ баъд. Дар чунин ҳолат аллакай матлаб ё гузориш нашр мешавад ва посухе, ки ба мо мерасад тақрибан аҳамияти худро аз даст медиҳад. Албатта ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки посух сари вақт мерасад, аммо маълумот хеле мухтасар ва ночиз аст, ки ба дард намехурад,"-афзуд мудири дафтари Озодӣ.

НАНСМИТ ҳам дар гузоришаш гуфтааст, мақомот “ба дархости журналистӣ ё ҷавоб намедиҳанд, ё як посухи хушку холӣ медиҳанд, ки ба дарди хабарнигор намехӯрад.”Худи НАНСМИТ аз моҳи июл то августи соли равон ба идораҳои расмӣ 58 дархости журналистӣ ирсол кардааст, ки 37-тои он беҷавоб будааст.

«Вақте додситонӣ қонунро риоя намекунад»

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари НАНСМИТ рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз он нигаронӣ дорем, ки мутаассифона ниҳодҳое, ки қаблан ба дархостҳои журналистӣ саривақт ҷавоб медоданд, ба монанди ВКД, дар чанд моҳҳои охир нисбат ба дархостҳо беэътиборӣ мекунанд. Аз ҳама чизи ташвиовар ин аст, ки ниҳоде, ки ба назорати иҷрои меъёри қонун мутассадӣ аст, яъне додситонии кулл ба дархостҳо посух намедиҳад.”

Мо барои гирифтани назари Додситонии кулл ба ин ниҳод рафтем, вале масъулини дафтари матбуотии он ҳозир нашуданд бо мо суҳбат кунанд. Талоши мо барои гирифтани назари додситонӣ тариқи телефон ҳам бенатиҷа буд. Масъули дафтари матбуотӣ баъди шунидани суоли мо, гӯширо гузошт.

Муаллифони гузориши НАНСМИТ навиштаанд, ҳоло ҳам ниҳодҳое ҳастанд, ки бо рӯзноманигорон ҳамкории хуб доранд. Аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, ки ба навиштаи гузориш, иттилои заруриро саривақт ба рӯзноманигорон пешниҳод мекунад.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари НАНСМИТ гуфт, дар охири сол ният доранд аз болои мақомотҳое, ки ба дархостҳои рӯзноманигорон посух намедиҳанд, ба Дастгоҳи иҷроияи президент шикоят баранд.

“Намехоҳанд камбудиашон ифшо шавад”

Коршиносон мегӯянд, худдории мақомот аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ метавонад чанд далел дошта бошад. Яке аз онҳо ба гуфтаи рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ ин аст, ки мақомот намехоҳанд камбудӣ ва норасоиҳояшон ифшо шавад. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки танқиди асоснокро қабул доранд.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

“Худдорӣ аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон мақомот ҷудо аз мардум ва ҷомеа шакл гирифтанд. Мардум дар боре, ки онҳо бо чӣ кор машғул ҳастанд хабар надоранд. Ягона роҳе, ки мақомот ҳисоботдеҳ будани худро дар назди мардум нишон медиҳанд, расонаҳо аст. Вақте ин кор сурат намегирад – ин ба маъное аст, ки онҳо бо роҳи худашон мераванд, мардум бо роҳи худашон. Ва ин байни мардум ва ҳукумат як шикофи калонро ба миён меорад, ки дар оянда метавонад ба таркишҳои калони иҷтимоӣ сабаб шавад,”-афзуд Сулаймонӣ.

Нигаронӣ аз мушкил шудани кори хабарнигорони мустақил дар Тоҷикистон ва маҳдуд шудани озодии баён борҳо аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ садо додааст. Вале мақомот ҳамеша таъкид кардаанд, ки озодии баён дар кишвар таъмин аст.

Имсол Тоҷикистон дар шохиси матбуоти озоди "Гузоришгарони бидуни марз" як зина поин рафта, дар ҷои 162-юм қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG