Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратҳои ҷаҳонӣ гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эронро дубора оғоз мекунанд


Интизор меравад, имрӯз, 29 ноябр дар шаҳри Вена гуфтугӯҳо барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 ҳосил шуда буд, аз сар гирифта шаванд. Муовини вазири умури хориҷии Эрон Алӣ Боқирӣ 28-уми ноябр дар ин бора бо расонаҳои ин кишвар баъди мулоқот бо раҳбарони ҳайатҳои Чину Русия ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо Энрике Мора суҳбат кардааст. "Муҳлати ин давраи гуфтугӯро пешгӯӣ кардан номумкин аст. Шояд, чаҳорчӯба ва давраи муваққатии ин гуфтугӯ муайян карда шавад",-изҳор доштааст Боқирӣ. Дар гуфтугӯҳо кишварҳое, ки ҳанӯз дар созишнома иштирок доранд, аз ҷумла Русия, Чин, Эрон, Олмон, Фаронса ва Бритониё ширкат мекунанд. Ҳайати ИМА ба раҳбарии намояндаи махсуси Амрико дар умури Эрон Роб Мэллӣ ғайримустақим иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG