Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол, ки 9-уми декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, қаҳрамони кишвар «Истиқлол» ва ноиби қаҳрамон «Хуҷанд» рақобат хоҳанд кард.
Дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми миллӣ «Истиқлол» бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 (аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ - 7:3) ғолиб шуд. Голҳои Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва легионери ҷопонӣ Рёта Нома ба бошгоҳи пойтахт пирӯзӣ овард.
Бояд гуфт, ки дар ин дидор сармураббии «Истиқлол» Виталий Левченко барои дашном додани сардовари бозӣ Сайвалӣ Турдиев аз ноҳияи Вахш корти сурх гирифт.
Дар бозии дигари даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, вале иштирокашро дар мусобиқот ба поён расонд. Шогирдони Рустам Хоҷаев ба шарофати пирӯзии бузург дар бозии аввал (4:0) ба финал баромаданд.
Ба ин тартиб, дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рақобат мекунанд. Ин бозӣ рӯзи 9-уми декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 13:00 оғоз мешавад.
Қаблан дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд. Соли 2010 душанбегиҳо бо раҳбарии Алимҷон Рафиков бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 хуҷандиҳо бо сарварии Рустам Хоҷаев бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.
«Истиқлол» дар таърихи худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. «Хуҷанд» чаҳор маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 Ҷоми кишварро ба даст овардааст.
Ҷоми Тоҷикистон-2021
Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ
«Эсхата» – «Истиқлол» – 0:3
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 38 (0:1). Рустам Соиров, 50 (0:2). Рёта Нома, 73 (0:3).
27-уми ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1000 тамошогар.
Бозии аввал – 3:4.
«Равшан» – «Хуҷанд» – 2:0
Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 23 (1:0). Аваз Қамчинов, 59 (2:0).
27-уми ноябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошогар.
Бозии аввал – 0:4.
Финал
9-уми декабр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 13:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”