Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар "Abu Dhabi Grand Slam 2021" се медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Abu Dhabi Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 26-28-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу Забӣ - баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Ҳарсе медалро онҳо дар рӯзи охирини мусобиқа – 28-уми ноябр - дар вазнҳои сангин соҳиб шуданд.

Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило медали нуқра гирифт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Ҷамол Петргрейв аз Бритониё, Ҷон Ҷейн аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрлан Шеров аз Қирғизистон ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари 21-солаи русиягӣ Мансур Лорсанов мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Зимнан, ин аввалин медали Комроншоҳ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ба шумор меравад.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар вазни то 90 кило рақобат карда, барандаи медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар даври аввал Моҳаб Элнаҳаси канадагиро шикаст дод. Вале дар чорякфинал аз ҷоизадори Бозиҳои олимпии Токио-2020 Давлат Бобонови узбекистонӣ ноком шуд. Ҷаҳонгир дар даври тасаллобахш Франсиско Балантаи колумбиягиро мағлуб кард ва баъдан барои медали биринҷӣ бар Эрлан Шерови қирғиз ғолиб омад. Барои Ҷаҳонгир низ ин аввалин медал дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ба ҳисоб меравад.

Медали дуюми биринҷиро дар ин мусобиқа ба Тоҷикистон Темур Раҳимов овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат аз даври дуюм пардохт ва Эмил Мэттссонро аз Шведсия мағлуб кард. Вале Темур дар даври чорякниҳоӣ қувваозмоиро ба Евгений Балевский аз Украина бохт. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш бар варзишгари Финляндия Марти Пумалайнен дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ Валерий Ендовитскийро аз Русия шикаст дод.

Дарвоқеъ, ин дуюмин медали Темур Раҳимов дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ҳисоб мешавад. Қаблан ӯ дар “Baku Grand Slam 2021” медали нуқра гирифта буд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа, ки бори шашум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) баргузор шуд, 223 варзишгар (135 мард ва 88 зан) аз 41 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 10 варзишгар шомил буданд, ки дар сабқати мардон ширкат варзиданд: Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 60 кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (ҳарду дар вазни -81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар ду рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” варзишгарони тоҷик аз медал бенасиб монданд. Танҳо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило ҷойи панҷумро азони худ кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойи якум 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм – 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим гардид.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” дар ҳисоби умумидастаӣ бо як медали нуқрю ду нишони биринҷӣ, инчунин бо як мақоми панҷум дар байни 41 кишвари иштироккунандаи ин мусобиқа мақоми 12-умро соҳиб шуд.

Русия бо касби 8 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард. Бритониёи Кабир бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи дуюмро гирифт. Муғулистон бо касби 5 медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб гашт.

Аз 41 кишвари иштироккунандаи мусобиқа намояндагони 21 кишвар медал гирифтанд, аз он ҷумла варзишгарони 11 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Ба ҷуз аз Русия, Бритониё ва Муғулистон, инчунин Фаронса, Олмон, Бразилия, Португалия, Белгия, Молдова, Тайбэйи Чин ва Италия яктоӣ медали тилло ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон

-60 кг
1. ЯНГ Юнг Вей (Тайбэйи Чин)
2. АБДУЛЛОЕВ Рамазон (Русия)
3. РЕВОЛ Седрик (Фаронса)
3. ҲОЛЛ Самуэл (Бритониёи Кабир)

-66 кг
1. ВЕРДУ Денис (Молдова)
2. МИСИРОВ Исмоил (Русия)
3. ЁНДОНПЕРЕНЛЕИ Башхуу (Муғулистон)
3. ЯДОВ Богдан (Украина)

-73 кг
1. ТСЕНД-ОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)
2. ТУРАЕВ Ҳикматиллоҳ (Узбекистон)
3. АГАЯН Армен (Русия)
3. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)

-81 кг
1. КАССЕН Маттиас (Белгия)
2. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
3. ЛАППИНАГОВ Аслан (Русия)
3. МУРХЭД Лачлан (Бритониёи Кабир)

-90 кг
1. ЛОРСАНОВ Мансур (Русия)
2. УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Тоҷикистон)
3.
МАҶИДОВ Ҷаҳонгир (Тоҷикистон)
3. БОБОНОВ Давлат (Узбекистон)

-100 кг
1. АДАМЯН Арман (Русия)
2. КАНИКОВСКИЙ Матвей (Русия)
3. ЕЛНАҲАС Шодӣ (Канада)
3. КОРРЕЛ Майкл (Нидерланд)

+100 кг
1. ОДХУУ Тсетсенсегел (Муғулистон)
2. СИМИОНЕСКУ Владут (Руминия)
3. РАҲИМОВ Темур (Тоҷикистон)
3. ДЕСЧЕНЕС Марк (Канада)

XS
SM
MD
LG