Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато ширкатдорони гирдиҳамоии назди консулгарии Чин боздошт шуданд


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон чанд танеро боздошт кард, ки пушти дари консулгарии Чин бо талаби озодии пайвандонашон аз Шинҷони Чин гирдиҳамоӣ карда буданд.

"Пулис се танро ба маҳзи ҷамъ шуданашон боздошт кард. Онҳоро ба идораи пулиси ноҳияи Медеу бурданд. Дар маҷмуъ чаҳор танро боздошт карданд",-гуфт Байболот Кунболатулӣ, як тан аз эътирозгарон.

Вай гуфт, шуруъ аз моҳи феврал иддае аз сокинони Қазоқистон бо талаби раҳоии пайвандонашон аз Шинҷони Чин пушти дари консулгарии ин кишвар дар шаҳри Алмато гирдиҳамоӣ доранд.

Имрӯз 291 рӯзи гирдиҳамоии онҳо аст. Ин афрод одатан пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато гирди ҳам меоянд, аммо чанд маротиба дар назди сафорати Чин дар шаҳри Нурсултон низ ҷамъ ва раҳоии пайвандонашонро талаб карданд.

Дар тамоми муддати гирдиҳамоӣ касе аз масъулони консулгарӣ ва сафорати Чин назди онҳо набаромадааст. Сафири Чин дар Қазоқистон Чжан Сяо дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки "боздоштшудаҳои Шинҷон шаҳрвандони Чин ҳастанд" ва "барои риоя накардани қонунҳои Чин боздошт шудаанд".

Созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои ғарбӣ Чинро дар ташкили наслкушии уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар мусалмонони Шинҷон айбдор мекунанд. Пекин ин айбҳоро рад ва боздошти сокинони Шинҷонро "бозтарбия" меномад.

XS
SM
MD
LG