Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои тилло супурда шуд


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Рӯзҳои 23-24-уми ноябр бозиҳои даври 26-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Зимнан, “Истиқлол”, ки ду давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи олӣ ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфта буд, баъди анҷоми рақобат муқобили “Файзканд” 24-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд.

«Истиқлол» бори даҳум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Аз ин пеш бошгоҳи Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шудааст.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро пешакӣ соҳиб гашт, дар даври пешазохирин “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе талош доранд. Рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, ин ду даста дар шаҳри Истаравшан бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ду давр қабл аз хотимаи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 аввалин дастае, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян шуда буд. Ин тими «Душанбе»-и шаҳри Душанбе мебошад. Баъди шикасти бузург аз “Истиқлол”, тими “Душанбе” ҳатто аз ҷиҳати назариявӣ шонси дар лигаи олӣ монданро аз даст дод. “Душанбе” бозии даври 26-умро низ дар меҳмонӣ ба тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:3 бохт.

Дувумин дастаи ноком «Эсхата»-и Хуҷанд, «Файзканд»-и Восеъ ё «Кӯктош»-и Рӯдакӣ мешаванд, ки дар минтақаи хатар қарор доранд. Дар даври гузашта “Кӯктош” дар меҳмонӣ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар даври охирини мусобиқа, ки 5-уми декабр доир мегардад, барандаи медали биринҷӣ ва дастаи дувуме, ки лигаи олиро тарк хоҳад кард, муайян мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 26-ум

«Истиқлол» «Файзканд» 5:0

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 13 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 26 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 73 – аз пеналти (4:0). Рустам Соиров, 82 (5:0).

«Хуҷанд» «Эсхата» 2:1

Голҳо: Дилшод Каримов, 38 – ба дарвозаи худ (1:0). Артём Сердюк, 69 (2:0). Иброҳим Эшонхонов, 75 (2:1).

«Истаравшан» – КМВА – 0:0

«Хатлон» - «Душанбе» - 3:1

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 59 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 67 (2:0). Парвиз Боқӣ-Охунов, 74 (3:0), Тетте Неррик, 84 (3:1).

«Равшан» – «Кӯктош» 2:3

Голҳо: Азизбек Султонов, 10 (0:1). Азизбек Султонов, 60 – аз пеналти (0:2). Аваз Қамчинов, 64 (1:2), Далер Шомуродов, 75 – аз пеналти (2:2). Амирҷон Сафаров, 86 (2:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

25

20

4

1

76-8

64

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

25

17

3

5

52-25

54

3

КМВА (Душанбе)

26

11

8

7

36-29

41

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

26

11

6

9

28-25

39

5

«Хатлон» (Бохтар)

26

10

6

10

29-31

36

6

«Равшан» (Кӯлоб)

26

7

8

11

27-34

29

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

26

8

3

15

32-49

27

8

«Файзканд» (Восеъ)

26

7

5

14

18-36

26

9

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

26

7

5

14

37-56

26

10

«Душанбе» (Душанбе)

26

4

6

16

23-65

18

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров (“Истиқлол”) – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров, Артём Сердюк (ҳарду аз «Хуҷанд») – 11-голӣ, Азизбек Султонов («Кӯктош») – 10 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА), Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»/КМВА) - 9-голӣ.

Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

1-уми декабр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

Даври 27-ум

5-уми декабр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG