Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риши 10 сокини вилояти Тошкандро маҷбурӣ тарошидаанд


Икром Холматов, сокини 38-солаи Янгиюл

Даҳ мардро дар шаҳри Янгиюли вилояти Тошканди Узбекистон ба идораи пулис даъват карда, ришашонро маҷбурӣ тарошидаанд.

Икром Холматови 38-сола, сокини шаҳри Янгиюл, гуфт, ӯро рӯзи 22-юми ноябр ба идораи пулис даъват карданд ва ҳамроҳи чаҳор марди дигар маҷбурӣ ришашро тарошиданд.

Вай афзуд, дар чаҳор моҳи охир ин бори дувум аст, ки дар мақомоти пулис риши ӯро иҷборан метарошанд.

Як манбаъ дар шаҳри Янгиюл гуфт, рӯзи 22-юми ноябр дар маҷмуъ дар он шаҳр риши 10 мардро иҷборан тарошиданд.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон аз афзоиши ҳолатҳои иҷборан тарошидани риши мардон дар ҳафтаҳои охир хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG