Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии CAFA шуд, Тоҷикистон дуюм


Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Эрон барандаи мусобиқа шуд.
Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Эрон барандаи мусобиқа шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола, ки рӯзҳои 19-23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид.

Дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, доир гардид, мунтахаби Эрон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Эрон мақоми аввал ва Тоҷикистон мақоми дуюмро касб карданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Эрон бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Тоҷикистон бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон ва Қирғизистон якимтиёзӣ ба даст оварданд. Ба дастаи Узбекистон, ки ҷойи сеюмро азони худ кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии аввал ба дарвозаи ҳамсолони худ аз Қириғизистон 5 голи беҷавоб зада, бозии даври дуюмро бо тими Эрон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат гирифт. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари гирифтааш муайян шуд.

Ҷоизаи «Fair Play» («Бозии одилона») ба мунтахаби наврасони Қирғизистон супурда шуд. Капитан ё сарвони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов, ки се гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд. Ҷоизаи аз ҳама бозигари муфидро Исмоил Ҳолизода Самиён аз тими мунтахаби Эрон ба даст овард.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2021 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 1-ум

Тоҷикистон Қирғизистон 5:0

Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналти (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Абубакр Сулаймонов (Тоҷикистон).

Узбекистон – Эрон – 2:3

Голҳо: Иброҳимҷон Турсуналиев, 53 (1:0). Самир Ҳибибатӣ, 62 (1:1). Амирмуҳаммад Раззоқиниё, 76 (1:2). Зикриллохон Мухторов, 87 – аз пеналти (2:2). Ирфон Дарвеш Алӣ, 90 – аз пеналти (2:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Амирмуҳаммад Раззоқниё (Эрон).

Даври 2-юм

Эрон Тоҷикистон 1:1

Голҳо: Алӣ Раҳмонижод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналти (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Маъсудшоҳ Абдулаҳадов (Тоҷикистон), 62 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Абубакр Сулаймонов (Тоҷикистон).

Қирғизистон Узбекистон 2:2

Голҳо: Эмирхон Темирбеков, 13 (1:0). Зикриллохон Мухторов, 25 – аз пеналти (1:1). Айдар Шарипов, 84 (2:1). Иброҳимҷон Турсуналиев, 90+6 (2:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Мирмақсуд Мирусмонов (Узбекистон), 44 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Эмирхон Темирбеков (Қирғизистон).

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 1:0

Гол: Масрур Ғафуров, 58.

Беҳтарин бозигари дидор: Суннатулло Исмоилов (Тоҷикистон).

Эрон – Қирғизистон – 8:0

Голҳо: Исмоил Ҳолизода Самиён, 32 (1:0). Самир Ҳубобатӣ, 40 (2:0). Исмоил Ҳолизода Самиён, 50 (3:0). Ирфон Дарвеш Алӣ, 54 (4:0). Ризо Гандипур, 59 (5:0). Касро Тоҳирӣ, 68 (6:0). Алӣ Раҳмонажод, 72 (7:0). Касро Тоҳирӣ, 84 (8:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Исмоил Ҳолизода Самиён (Эрон).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

3

2

1

0

12-3

7

2

Тоҷикистон

3

2

1

0

7-1

7

3

Узбекистон

3

0

1

2

4-6

1

4

Қирғизистон

3

0

1

2

2-15

1

XS
SM
MD
LG