Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари фирори раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон" рад шуд


Акс ва эъломияи дурӯғ аз номи Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Акс ва эъломияи дурӯғ аз номи Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Хабари фирори раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров, ки дар Интернет аз номи бахши қирғизии Радиои Озодӣ паҳн карда мешавад, ҳақиқат надорад.

Ин хабарбори аввал 22-юми ноябр дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" нашр шуд. Узви Шӯрои сиёсии ҳизби мазкур Мирбек Мунарбек уулу хабар дод, ки Мадумаров барои мулоқот бо интихобкунандагон ба Русия рафтааст ва 26-уми ноябр ба Қирғизистон бармегардад.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамаи ахбор, матлаб ва видеоҳои радио дар сомонаҳои расмии он - "azattyk.org" ё "rus.azattyk.org" нашр мешаванд ва хабари фирори Мадумаров бо аксе, ки дар он логотипи радио оварда шудааст, асос надорад.

XS
SM
MD
LG