Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайрам Исоева: Ман эҷодкорам, мансаб намехостам. ВИДЕО


Сайрам Исоева

Сайрам Исоева, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, пас аз чанд соли "танаффус" барои офаридани нақш ба камияш дар ду филми узбекӣ қарордод бастааст. Ӯ мегӯяд, созишҳои нав баъди гирифтани ҷоизаи "Дурдонаҳои Шоҳроҳи Абрешим" дар моҳи сентябри имсол дар Узбекистон ба даст омад. Ин ҷоиза бист ҳазор доллар арзиш дорад, вале ба қавли хонум Исоева, "маблағ муҳим набуд, таваҷҷуҳ ба ҳунари мо муҳим буд."

Сайрам Исоева: "Ҳама хуб медонанд, ки маоши мо бисёр поин аст. Мумкин аст, бо таваҷҷуҳ ба ин, бисёре аз ҳаводорон аз ҷоизаи мо шод шуданд. Барои ман маблағ чизи асосӣ набуд. Ҷоиза асосӣ буд. Таваҷҷуҳи онҳо нисбати як зани ҳунарманди тоҷик асосӣ буд."

Радиои Озодӣ: Ба назар мерасад, ин ҷоизаи аввалини Шумо дар Узбекистон нест. Мегӯянд, президенти собиқ, Ислом Каримов, низ ҷоизае дода буд...

Сайрам Исоева: "Соли 1992, вақте ширкати "Узбекфилм" хост, филми "Ӯткан кунлар"-и Абдулло Қодириро ба навор бигирад, Ислом Каримов гуфтааст, Сайрам Исоеваро ба иҷрои нақши Нодирабегим даъват кунед. Ҳамин тавр ҳам шуд."

Сайрам Исоева дар нақши Гурдофарид
Сайрам Исоева дар нақши Гурдофарид

Радиои Озодӣ: "Узбекойим" мегуфтанд?

Сайрам Исоева: "Ҳа, "узбекойим", яъне модари узбекон. Ман соли 2019 низ дар онҷо ҷоиза гирифта будам. Баъди соли 1992 қариб рафту омад надоштем. Аввал дар ҳайрат будам, ки чӣ гуна ҷашнвора аст ва оё равам ё наравам. Ба ман гуфтанд, дар сарҳад пешвоз мегирем, хавотир нашавед. Рости гап, воқеан дар ҳайрат будам, ки чӣ хел баъди ин қадар сол маро ба кишвари ҳамсоя даъват карданд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло дигарбора барои нақш офаридан даъват карданд?

Сайрам Исоева: "Бале, яке коргардон Камара Камалова ва дигаре Олег Ҳамроев. Бо аввалӣ дар филми "Бахти бегона" ва бо дувумӣ дар филми "Лаклакҳои сафед" ҳамкорӣ кардаем. Филми "Лаклакҳои сафед" дар ҷашнвораи Фаронса ҷоизаи баланд гирифт, вале дар вақташ намоиши филмро дар Узбекистон иҷоза надода буданд."

Радиои Озодӣ: Чаро?

Сайрам Исоева: "Дар филм зане шавҳар дошт, аммо шавҳарашро дӯст намедошт. Ҷавони дигарро меписандид. Вай ин муҳаббаташро ба шавҳар ва ба деҳа мегӯяд. Нагузоштанд. Гуфтанд, ин хел мумкин нест."

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, чаро Сайрам Исоева ба монанди хоҳараш Марям Исоева ба Душанбе накӯчид? Чаро дар Хуҷанд монд?

Сайрам Исоева: "Рости гап, бо роҳхати Вазорати фарҳанг ба Театри Хуҷанд омадем. Дипломи ман ҳунарпешаи театр ва кино буд. Ду сол хидмат кардем ва баъди он ба Театри Лоҳутӣ даъват шудем. Ҳамон вақт шавҳарам, Ислом Саломовро барои таҳсил ба курси коргардонӣ фиристоданд. Баъди хатм ба вазири вақти фарҳанг, Меҳрубон Назаров, ариза навиштем, ки ин қадар сол гузашт ва акнун метавонем ба Театри Лоҳутӣ гузарем. Падарам гуфтанд, "дарахт дар як ҷо месабзад" ва бо ҳамин дар театри Хуҷанд мондем. Ба театр хиёнат накардем, ба дигарҷо нарафтем."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Сайрам Исоева: Орзу дорам, Куруши Кабирро ба саҳна гузорам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:45 0:00

Радиои Озодӣ: Дар театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ солҳои зиёд ҳамчун коргардон фаъолият доштед. Даҳ соли охир минбарро ба ҷавонон додед. Аз ин хушҳол ҳастед ё нигаронӣ доред?

Сайрам Исоева: "Рости гап, ҳеч гоҳ орзу намекардам, ки дар курсӣ бинишинам. Ман эҷодкор ҳастам. Ҳатто саркоргардон шуданам низ ногаҳонӣ буд. Раиси пешини вилояти Суғд маро даъват карда гуфт, Сайрам, мегӯед, театр оилаи ман аст, вале оилаатон вайрон шуда истодааст. Гуфтам, оила ҳеч гоҳ вайрон намешавад. Ман эҷодкор ҳастам ва ба ман курсӣ даркор нест. Ман на аз давлат, балки давлат аз ман қарздор аст. Пурсид, чӣ тавр? Гуфтам, ман Сайрам Исоева ҳастам ва бояд кадр тайёр кунам. Барои он ки ба театр ҷавонон кам меоянд. Пешниҳод шуд, як сол корро қабул кунам, то кадре тайёр шавад. Сипас шогирдам, Қурбон Бобоҷонов, донишгоҳро дар Маскав бо ихтисоси коргардон хатм карда омад. Ӯ масъулиятро ба дӯш гирифт. Розӣ ҳастам."

Радиои Озодӣ: Ҳоло баъзе аз намоишҳои театриро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зинда ё онлайн нишон медиҳанд. Ба иқдоми ҷавонон чӣ назар доред?

Сайрам Исоева: "Онлайн барои синамо қабул аст, вале барои театр дуруст нест. Бо ин тарз мардум тамоман ба театр намеоянд. Тамошобин вақте ба театр меояд, нафаси ҳунармандро мефаҳмад, ҳамнафас мешавад, ҳамдард ва ҳамғам мешавад, хурсанд мешавад, барои худаш як хулоса мебарорад. Ин чизи тамоман дигар аст."

Радиои Озодӣ: Дар шаш соли охир ҳамсаратон Ислом Саломов ва духтаратон Саодат Саломоваро, ки дар театр ва синамо чеҳраҳои шинохта буданд, аз даст додед...

Сайрам Исоева
Сайрам Исоева

Сайрам Исоева: "Ду қаноти ман поин шуд, лекин рӯҳафтода нашудам. Баъд аз он хонаи асосии ман театр шуд. Пештар хонаи дуюмам буд, акнун хонаи аввалам шуд."

Радиои Озодӣ: Чӣ орзу доред?

Сайрам Исоева: "Орзу дорам, Куруши Кабирро ба саҳна гузорам. Дар асоси шартномаҳоям бо коргардонҳои кишвари ҳамсоя бояд ҳамкорӣ кунам ва нақш биофарам."

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG