Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги бештар аз 40 нафар дар садамаи автобус дар Булғористон


Садамаи автобус дар Булғористон.
Садамаи автобус дар Булғористон.

Дар ғарби Булғористон дар натиҷаи оташ гирифтани як автобус ҳадди ақал 46 кас ҳалок шуд. Миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд. Ҳафт тани дигар дар бемористон бистарӣ шудааст.

Садама ва оташсӯзии автобус соати наздики 2 шаб бо вақти маҳаллӣ рух дод. Ба иттилои пешакӣ, автобус ба девори канори роҳ бар хурда, оташ гирифтааст.

Автобус рақамҳои қайди давлатии Мақдунияи Шимолиро дошт. Вазири корҳои хориҷии он кишвар Буяр Османӣ гуфт, автобус аз Туркия ба Скопе бар мегашт. Мусофирони автобус ба сайёҳати шаҳри Истамбул рафта буданд.

XS
SM
MD
LG