Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA муддаиёни ҷоизаи беҳтарин бозигари солро эълон кард


Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ёздаҳ футболбозеро, ки барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин бозигари соли 2021 муддаӣ мебошанд, эълон кард. Дар ин бора сомонаи ин созмон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба феҳрист Роберт Левандовски, ҳамлагари “Бавария”-и Олмон, Криштиану Роналду, ҳамлагари “Манчестер Юнайтед”-и Англия, Лионел Месси, ҳамлагари ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронса, боз ду узви дигари ин бошгоҳ Неймар ва Килиан Мбаппе, инчунин Муҳаммад Салоҳ, ҳамлагари “Ливерпул”-и Англия, Карим Бензема, ҳамлагари “Реал”-и Испания, Кевин Де Брюйне, нимҳимоятгари “Манчестер Сити”-и Англия, Эрлинг Ҳоланд, ҳамлагари “Боруссия Дортмунд”-и Олмон, Жоржинйо ва Н'Голо Канте, ҳарду нимҳимоятгарони “Челси”-и Англия, дохил шудаанд.

Раъйдиҳӣ ба футболбози беҳтарини сол, ки рӯзи душанбе, 22-юми ноябр, шуруъ шуд, то 10-уми декабр идома хоҳад кард.

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2021 аз рӯи фарзияи FIFA 17-уми январи соли оянда доир мегардад. Ба далели пандемияи коронавирус чорабинӣ дар шакли онлайн сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта Роберт Левандовски барандаи ҷоизаи беҳтарин бозигари соли 2020 аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) эълон шуда буд. Ӯ барои дарёфти ин ҷоиза аз Роналду ва Месси пеш гузашт. Месси шаш бор ва Роналду панҷ бор беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи FIFA эътироф шудаанд.

FIFA беҳтарин бозигаронро аз соли 1991 эълон мекунад. Аз соли 2010 то 2015 FIFA ҳамроҳ бо маҷаллаи “France Football” ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, аз соли 2016 боз ба ҷоизаи худ баргашт.

XS
SM
MD
LG