Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии наврасони Тоҷикистон ва Эрон дар қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ҷараён дорад, бо 4 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии аввал ба дарвозаи ҳамсолони худ аз Қириғизистон 5 голи беҷавоб зад. Бозии даври дувум миёни тимҳои Тоҷикистон ва Эрон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Эрон дар ҷадвал бо 4-имтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон мақоми аввал ва Эрон мақоми дувумро касб кардаанд.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон ва Қирғизистон якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Бозии даври дувум миёни ин ду даста бо натиҷаи мусовии 2:2 ба поён расид.

Дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, мунтахаби Тоҷикистон муқобили Узбекистон вориди рақобат мешавад. Пеш аз ин бозӣ дар ин варзишгоҳ тимҳои мунтахаби Эрон ва Қирғизистон бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола аз рӯи ситеми даврӣ дар як давра сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари гирифтааш муайян хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2021 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 5:0

Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналти (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Абубакр Сулаймонов (Тоҷикистон).

Узбекистон – Эрон – 2:3

Голҳо: Иброҳимҷон Турсуналиев, 53 (1:0). Самир Ҳибибатӣ, 62 (1:1). Амирмуҳаммад Раззоқиниё, 76 (1:2). Зикриллохон Мухторов, 87 – аз пеналти (2:2). Ирфон Дарвеш Алӣ, 90 – аз пеналти (2:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Амирмуҳаммад Раззоқниё (Эрон).

Даври 2-юм

Эрон Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Алӣ Раҳмонижод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналти (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Маъсудшоҳ Абдулаҳадов (Тоҷикистон), 62 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Абубакр Сулаймонов (Тоҷикистон).

Қирғизистон – Узбекистон – 2:2

Голҳо: Эмирхон Темирбеков, 13 (1:0). Зикриллохон Мухторов, 25 – аз пеналти (1:1). Айдар Шарипов, 84 (2:1). Иброҳимҷон Турсуналиев, 90+6 (2:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Мирмақсуд Мирусмонов (Узбекистон), 44 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Эмирхон Темирбеков (Қирғизистон).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

2

1

1

0

6-1

4

2

Эрон

2

1

1

0

4-3

4

3

Узбекистон

2

0

1

1

4-5

1

4

Қирғизистон

2

0

1

1

2-7

1

Даври 3-юм

23-юми ноябр (сешанбе)

12:00 – Эрон – Қирғизистон

15:00 – Тоҷикистон – Узбекистон

XS
SM
MD
LG