Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ва даъват аз матбуоти тоҷик барои ташвиқи эмшавӣ


20 сентябри соли 2021 бо ёрии ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон бастаи навбатии воксинаҳои навъи Pfizer ворид шуд
20 сентябри соли 2021 бо ёрии ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон бастаи навбатии воксинаҳои навъи Pfizer ворид шуд

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 19-уми ноябр аз олудашавии чор нафари дигар ба COVID-19 хабар доданд. Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон шурӯъ аз 30-юми апрели соли 2020, ки санаи оғози бақайдгирии ҳолатҳои олудашавӣ ба коронавирус мебошад, 17095 нафар гирифторони сирояти коронавирус ва 124 ҳолати фавт бар асари ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Бисёриҳо ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, эҳтимоли пинҳон доштани омори воқеии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд аст.

Айни замон, мақомоти вазорати беҳдошт аҳолиро ташвиқ мекунанд, ки бар зидди ин вирус эм шаванд. Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон чандин навъи сохти амрикову авупоӣ ва чинии воксинаҳои зидди COVID-19 дастрас мебошад ва эмшавӣ бар зидди ин вирус ҳатмӣ шудааст. Ба иттилои расмӣ, аз баҳори имсол то имрӯз нақшаи эмшавӣ дар Душане беш аз 100 дарсад иҷро шуда, дар саросари ҷумҳурӣ нисфи аҳолии аз 18-сола боло моякӯбӣ шудаанд.

Дар як нишасти ахири вазорати тандурустӣ аз матбуоти маҳаллӣ даъват шуд, ки эмшавии аҳолӣ бар зидди COVID-19 ва шарҳи дурустии ин амал ба таври ҳамаҷониба ташвиқу таблиғ шавад. Дар Тоҷикистон онҳое, ки ба таъсири мусбати воксинаи зидди вируси нав шубҳа доранд, кам нестанд.

XS
SM
MD
LG