Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабоҳат Қосимова. Зулайхои саҳна 70-сола шуд. ВИДЕО


Сабоҳат Қосимова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, 70-сола шуд. Ӯ ҳамсари коргардони шинохта Фаррухи Қосим ва хоҳари овозхони маъруф Муқаддас Набиева аст.

Хонум Қосимова дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Фархори он замон вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Бо эҳтимоли зиёд омӯзгор будани модар сабаб гардид, ки ӯ ва се хоҳараш дар он солҳо таҳсилро дар мактабҳои олии Душанбе идома диҳанд.

Сабоҳат Қосимова
Сабоҳат Қосимова

"Албатта, ин ба модари мо вобастагӣ дошт. Саҳмашон дар бузург кардани мо зиёд буд. Аз замин то осмон миннатдор ҳастам. Хотираашонро пос медорам. Чӣ гуна зани қавие буданд," -- ба ёд меоварад Қосимова.

Агар Муқаддас Набиева дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба таҳсил пардохт, Сабоҳат Қосимова ба Донишкадаи омӯзгорӣ рафт. Он солҳо Донишкадаи ҳунар вуҷуд надошт ва ҷавонони хоҳишманд дар ин муассиса таълим мегирифтанд.

Баъдан Сабоҳат ба театр омад ва то ҳоло 50-солашро ин ҷо гузаронд. Театр ба маънои аслияш хонаи аввали ӯ шуд, чун ҳамсабақаш Фаррух Қосимов акнун шавҳари ӯ буд ва додарарӯсаш Хуррам низ ҳамроҳи онҳо рӯи саҳнаи театри Лоҳутӣ нақшофарӣ мекард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Сабоҳат Қосимова: Ҳунарманди асил нақшро таваллуд мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:56 0:00

Дар соли 1990 Фаррух Қосимов, ҳамсари Сабоҳат Қосимова, театри "Аҳорун"-ро таъсис дод. Сабоҳат Қосимова дар саргаҳи ин театри таҷрибавӣ қарор дошт ва аз қаҳрамонҳои аслии саҳнаҳои ин театр буд. Дар 50 соли ҳунармандӣ тақрибан дар 80 намоиши гуногун нақш бозида, дар ниме аз онҳо қаҳрамони асосӣ будааст.

Сабоҳат Қосимова нақшҳои иҷрокардаашро фарзандони худ медонад. Зеро мегӯяд, ҳунарманди асил нақшро таваллуд мекунад, дар вуҷуди худаш тарбият мекунад, баъдан дастраси бинанда месозад.

"Дар намоишномаҳое, ки аз рӯйи асарҳои Шекспир гузоштаанд, нақши асосиро бозидам. Дар намоишномаҳои "Алломаи Адҳам", "Дядя Ваня" ва "Муфаттиш" дар нақшҳои асосӣ ҳастам. "Ишқи ман Электра". Танҳо дар "Тӯдаи риёкорон" се нақши асосиро иҷро кардаам," -- нақл кард ӯ.

Абдулмуъмин Шарифӣ
Абдулмуъмин Шарифӣ

Ҳамкасбони Сабоҳат Қосимова ӯро "фидоии саҳнаи театр" меноманд. Абдулмуъмин Шарифӣ, ҳунарманди тоҷик, гуфт: "Бисёр динамикаи олӣ доранд ва инро хуб истифода мекунанд. Муҳим ин аст. Доштан дигар асту истифода кардан чизи дигар. Аввали кор вақте дар "Юсуфи гумгашта" нақши Зулайхоро иҷро мекарданд, чӣ мушкилиҳо дар пеш буд. Ҳамаи мо мушкилӣ доштем, чун шакл нав буд, сабк нав буд."

Пас аз марги шавҳар дар соли 2010 раҳбарии театри таҷрибавии "Аҳорун" ба дасти Сабоҳат Қосимова уфтод. Барои идомаи мактаби Фаррух Қосимов таҷриба ва ҳунари дар тӯли солҳо андӯхтаи Сабоҳат Қосимова кумак кард. Ҷавононро дар ин театр тарбият кард ва театрро зинда нигоҳ дошт.

Давлат Убайдуллоев
Давлат Убайдуллоев

Давлат Убайдуллоев, ҳунарманди тоҷик, мегӯяд: "Рисолати ҳунарии худро бисёр аъло иҷро карданд ва ҳоло ҳам иҷро мекунанд. Дар тарбияи насли ҷавон, ҳунарпешаҳои ҷавон меҳнати зиёд карданд. Сабоҳатбонум, аҳли театри "Аҳорун" ва фарзандашон Фирдавс эстафетаро хеле хуб истифода бурда истодаанд."

Ҳоло Фирдақс Қосимов, фарзанди Сабоҳат ва Фаррух Қосимов, раҳбари театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов аст. Аммо амалан кумаку таҷрибаи Сабоҳат дар намоишномаҳои ин театр нақши муҳим дорад.

Синну сол барои иҷрои нақш ба Сабоҳат Қосимова асар гузоштааст. Баъзан мушкилӣ мекашад, аммо чун саҳнаи театр барояш муқаддас аст, мехоҳад, рӯи он ҳамеша Зулайхо бошад ва Юсуфи гумгаштааш абадан дар бараш.

XS
SM
MD
LG