Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон мехоҳанд дахлнопазирии вакили интиқодгарро бекор кунанд


Фируза Бабашева.
Фируза Бабашева.

Дар Узбекистон рӯзи 18-уми ноябр дар ҷаласаи комиссияи вижа масъалаи бекорсозии дахлнопазирии вакили маҳаллӣ Фирӯза Бабашеваро баррасӣ карданд. Бабашева бо интиқодҳои тундаш аз ҳукуматҳои маҳаллӣ маъруф аст.

Рӯзи 15-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он Фирӯза Бабашева, раиси маҷлиси ноҳияи Уртачирчик бо марде дар бистар хуфтааст.

Рӯзи дигар пулиси вилояти Тошканди Узбекистон хабар дод, ки ин навор рӯзи 2 октябри соли ҷорӣ сабт шудааст ва мақомот нафареро меҷӯянд, ки наворро нашр кардааст.

Фирӯзи Бабашева хабар дод, дар рӯзи сабти навор кормандони мақомот ӯро се соат боздошт ва маҷбур кардаанд, ки баёнот нависад. Дар натиҷа ангушти ӯро шикастанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Бабашева ҳимоят доранд.

Бабашева дар саҳифаи "Фейсбук" ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати сокинони маҳаллиро нашр мекунанд, дунболи шикояти сокинон меравад ва аз мақомоти маҳаллӣ интиқод мекунад.

Додситони ноҳияи Уртачирчик хабар дод, нисбати Бабашева таҳқиқоти ибтидоӣ шуруъ шудааст. Як масъули бонки "Агробонк" дар ноҳияи мазкур нисбати Бабашева шикоят кардааст. Чанде пеш Бабашева дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буд, ҳангоми гирифтани маблағ аз корт дар бонки мазкур аз муштариҳо "ҳақ" меситонанд.

XS
SM
MD
LG