Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе конфронси муаллимони забони англисӣ баргузор мешавад


Рузи 19-уми ноябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси муаллимони забони англисӣ доир мешавад. Ин ҳамоиш дар доираи барномаи English Without Border баргузор мешавад ва қарор аст муаллимони забони англисӣ аз саросари Тоҷикистон иштирок кунанд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ин ҳамоиш дар ҳоле доир мешавад, ки авоили ин ҳафта дар доираи Ҳафтаи байналмилалии маориф, Сафорати Амрико дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар Маркази захираҳои забони англисӣ (ERC) барои омузгорони забони англисиро ифтитоҳ намуд.

Ҳадафи ин барнома мусоидат дар таълими забони англисӣ тавассути баланд бардоштани малакаи омузгорони ин забон гуфта мешавад. Дар чаҳорчуби ин барнома муаллимон бо маводҳо таъмин шуда, фазо барои барои баргузории семинарҳо муҳайё мешавад.

Солҳои ахир таваҷҷуҳ ба омузиши забони англисӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст. Дар раддабандии сатҳи англисидонии EF English Proficiency Index Тоҷикистон соли ҷорӣ аз миёни 122 кишвар дар мақоми 103-юм ҷой дорад.

XS
SM
MD
LG