Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҷавони маъюбро, ки ба салафигароӣ гунаҳкор шуда буд, як сол кам кардаанд. ВИДЕО


Абдукамол Аҳадов бо гумони ҳамкорӣ бо салафиҳо боздошт шуда буд.
Абдукамол Аҳадов бо гумони ҳамкорӣ бо салафиҳо боздошт шуда буд.

Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми Абдукамол Аҳадов, маъюби гуруҳи якумро, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Салафия" гунаҳкор шуда буд, як сол кам кардааст. Ӯро моҳи июли имсол панҷ сол зиндонӣ карда буданд.

Тағйирот дар ҳукми Аҳадов пас аз он сурат гирифт, ки пайвандонаш моҳи октябри имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буданд, ки фарзандашон "бегуноҳ зиндонӣ шуда", дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд "азият мекашаду ба кумак ниёз дорад".

Коллегияи додрасҳои Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 17-уми ноябр бар асоси қонуни авф ва тибқи шикояти пайвандони маҳкумшудагон, ҳукми Абдукамол Аҳадов ва се шарики ӯро бозбинӣ кард. Ҳамакнун Абдукамол Аҳадов, маъюби гурӯҳи якум, Мақсудҷон Сатторов, маъюби гурӯҳи дуюм, Собирҷон Эмомов ва Мунирҷон Раҳимов чор сол дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳанд кард.

Вале волидони Абдукамол Аҳадов аз ин ҳукм низ норизо ҳастанд. Абдукарим Аҳадов, падари Абдукамол, баъди мурофиаи додгоҳӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Фарзанди ман ин гуноҳро содир накардааст ва он маъюб аст. Судяҳо имкони гап задан надоданд, ки арзу додамонро гӯем. Ман акнун ба Суди Олӣ ва Президент шикоят мебарам."

Бино ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мақомот гуноҳи Аҳадовро тасдиқшуда номидаанд. Вале худи Абдукамол пеш аз ҳабс дар муроҷиати видеоӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон ба бегуноҳияш пофишорӣ дошт.

Волидонаш иддао доранд, ки Абдукамолро барои қабули оши хайрия аз ҷониби дӯстонаш дастгир ва зиндонӣ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар қатори 17 нафаре, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Салафия" гунаҳкор шуданд, ба панҷ сол зиндон маҳкум карданд.

Гузориши видеоӣ аз шикояти пайвандони Абдукамол Аҳадовро инҷо тамошо кунед:

"Гуфтам, ки ош хӯрдан ҷиноят аст?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Мурофиа паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд ва бе ҳузури хешовандону хабарнигорон гузашт. Маълум нест, ки маҳкумшудаҳо дар сухани охирини худ чӣ гуфтаанд. Дар ҳалномаи додгоҳ навиштаанд, ки аз ин афрод ҳамчун далели шайъӣ телефонҳои ҳамроҳ гирифта шуд.

Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар парвандаи Абдукамол маъюб будани ӯ бояд ба эътибор гирифта мешуд. Ба қавли ҳуқуқдон Далер Қурбонов, "қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои шахсоне, ки беморанд, як имтиёз пешбинӣ кардааст. Додрас бояд тибқи моддаи 79-и Кодекси ҷиноӣ ҷазои ӯро сабуктар мекард ё озод менамуд."

Умеди охирини пайвандони Абдукамол Аҳадов ба Додгоҳи олӣ аст, ки барои сабук кардани ҷазои ӯ муроҷиат хоҳанд кард.

Ҷараёни тозапайдои мазҳабии "Салафия" аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнуъст ва то ин дам даҳҳо нафарро бо ҷурмӣ узвият ва ҳаводорӣ аз он боздошту зиндонӣ кардаанд.

Ба ҷуз ин, Додгоҳи олии кишвар ҳабдаҳ созмони дигарро террористиву ифротгаро ва мамнуъ донистааст, ки аз "Ал-Қоида", ДОИШ-у “Толибон”, “Ҷамоати Таблиғ”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” то Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷаро дар бар мегирад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ чанд сол боз Тоҷикистонро барои саркӯби диндорон ва маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ танқид мекунанд, аммо мақомот баъзе аз чораҳоро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ муҳим мешуморанд.

XS
SM
MD
LG