Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мактабе дар Хуҷанд интихоби президентро таҷриба карданд. ВИДЕО


Таҷриби интихоботи президентӣ дар "Оксфорд"-и Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Гузориш аз интихоботи президентӣ дар мактаби "Оксфорд"-и Хуҷанд.

Дар мактаби хусусии “Оксфорд”-и шаҳри Хуҷанд дар як интихобот барои ин мактаб аз ҳисоби хонандагон президент интихоб карданд.

Абдуғафур Абдуғафуров, хонандаи 15-солаи ин мактаб нахустин нафаре шуд, ки ба ҳайси президент интихоб шуд. Динара Бобобекова, толибилми дигар ҷонишини ӯ шуд ва ҳарду бояд “Девони вазирон”-и худро ташкил кунанд.

Мактабиён аз 9 номзад ба Абдуғафур бартарӣ доданд. Ин хонанда бори аввал дар чунин интихобот ширкат кард ва нахустин пирӯзиаш барояш илҳом дод, то орзуи парвозҳои баландтарро кунад.

“Мехоҳам дар оянда ҳам президент шавам. Дар ягон корхона ё дар ягон бонк. Мақсад лидер шудан мехоҳам”,--гуфт ӯ.

Барои Динара Бобобекова, ки низ номзади президентӣ буд, ҳамагӣ чанд овоз нарасид.

“Ман аз хурдӣ сифатҳои лидериро доштам ва ҳамеша мехостам, ки бонуи лидер бошам. Мехостам, ки аз дигарҳо кам бошад ҳам фарқ кунам, бо дониш, бо маҳорат ва дигар хусусиятҳоям”,--гуфт ӯ.

Ҳамаи номзадҳо гуфтанд, мубориза сахт ва ҳақиқӣ буда, дар он ба ягон найрангу тақаллуб роҳ дода нашуд. Президент ҳам на якумрӣ, балки танҳо барои як сол интихоб гардид. Номзадҳои ноком метавонанд, соли дигар боз барномаҳои худро пеш гузоранд ва бахти худро санҷанд.

Акнун Абдуғафур бояд ваъдаҳои пешазинтихобияшро иҷро кунад. Ӯ мехоҳад мисли дигар кишварҳои демократӣ қолабҳоро барои ҳамсолонаш шиканад ва барояшон имкониятҳои наву рангин фароҳам орад. Дар ин кор ба муовинаш Динара ва вазирони ҳукуматаш такя хоҳад кард.

“Мо чунин пешниҳод кардем, ки агар ду ҳафта бо либоси ягонаи мактабӣ оем, ҳадди ақал як ҳафта бо либоси одӣ биёем. Бисёр бачаҳо мехостанд, ки тамоман бе либоси ягона оянд. Ман ин пешниҳодро ба омӯзгорон расондам, вале афсус қабул нагардид”,--гуфт президенти мактаби “Оксфорд”.

Интихоботи президентӣ, ки дар мактабҳои кишварҳои ғарбӣ як чизи одӣ аст, бо таъсиси омӯзишгоҳи нави “Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд рӯйи кор омад. Омӯзгорони ин таълимгоҳ мехоҳанд, бачаҳо равандҳои демократиро аз хурдсолӣ омӯзанд.

Марина Аскарова, ҷонишини мудири мактаби Оксфорд гуфт: “Ба наврасон бояд аз ҳоло эҳсоси масъулиятро омӯзонем. Барои онки онҳо фаҳманд, ки масъулиятнокӣ чӣ душвориҳои худро дорад. Наврасон аз ҳоло чи гуна идора кардани гуруҳи худ, ҳал кардани ягон муаммо, муноқиша ё нофаҳмиҳо ва аз нуқтаи назари худ баҳс карданро меомӯзанд”.

Мактаби “Оксфорд” ду моҳ пеш боз шуд ва ба 200 донишҷӯи он устодон аз кишварҳои хориҷӣ дарс медиҳанд. Нархи таҳсил дар ин ҷо баланд буда, аз 2 то 4 ҳазор доллари амрикоӣ дар сол аст. Дар бораи сифати таълим алҳол волидон натиҷагирие надоранд. Аммо интихоби президент ба шогирдони мактаб хуш омадааст.

XS
SM
MD
LG