Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Тоҷикистон ба Қазоқистон дар бозии дӯстона дар Нурсултон


Акс аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон
Акс аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Қазоқистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби 16-уми ноябр дар варзишгоҳи "Остона-Арена"-и шаҳри Нурсултон баргузор шуд.

Бозӣ бо ҳуҷуми тарафҳо гузашт. Ҳарчанд тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони тоҷик буд, лаҳзаҳои хуби голзанӣ хеле кам ба чашм расид.

Голи ягонаро нимҳимоятгар Бахтиёр Зайниддинов, легионери 23-солаи мизбонон, ки феълан дар бошгоҳи ССКА-и Маскав бозӣ мекунад, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 12-ум, зад. Ӯ аз иштибоҳи дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев истифода кард ва тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.

Ин бозиро ҳакамон аз Беларус бо раҳбарии Амин Кургхели доварӣ карданд.

Мубин Эргашев, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Қазоқистон 21 бозигарро даъват карда буд. Ҳашт нафарашон легионер буданд ва дар ин бозӣ ширкат варзиданд:

  • ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония);
  • нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон);
  • ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия).

Дастаи мунтахаби Қазоқистон иштироки худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол анҷом дод ва бозии охиринашро дар сафар ба тими миллии Фаронса бо ҳисоби бузурги 0:8 бохт. Бояд гуфт, ки тими миллии Қазоқистон пеш аз бозӣ бо Тоҷикистон дар 15 дидор ягон пирӯзӣ ба даст наоварда, 10 бозиро бохта буд ва 5 бозиро мусовӣ карда буд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ қаблан дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ноком шуда, аз ҳаққи иштирок дар марҳилаи баъдӣ маҳрум гашта буд. Ин аввалин бозии тими миллии кишвар дар муддати шаш моҳи ахир ба шумор мерафт.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Қазоқистон панҷ маротиба бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Футболбозони қазоқ чаҳор маротиба пирӯз гаштанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Натиҷаи бозиҳои дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон байни худ:

Мусобиқаи байналмилалӣ

Тоҷикистон – Қазоқистон – 0:1

11-уми апрели соли 1994, Тошканд.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 4:1

Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.

2-юми июли соли 2006, Алмаато.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 1:1

Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.

8-уми сентябри соли 2007, Алмаато.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 2:1

Голи Тоҷикистон: Фарҳод Тоҳиров.

12-уми августи соли 2014, Алмаато.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Бахтиёр Зайниддинов, 12

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Давронҷон Эргашев, Зоир Ҷӯрабоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 80), Нуриддин Давронов, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Табрези Давлатмир, 80), Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 60), Манучеҳр Ҷалилов (Шервонӣ Мабатшоев, 80).

16-уми ноябри соли 2021, Нурсултон.

XS
SM
MD
LG