Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷонибдорони ҳамкори боздоштшудаи Радиои Озодӣ дар Амрико


Тазоҳурот дар назди консулгарии Русия дар Ню-Йорк, 15-уми ноябри 2021
Тазоҳурот дар назди консулгарии Русия дар Ню-Йорк, 15-уми ноябри 2021

Ҷонибдорони ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Владислав Есипенко, ки дар нимҷазираи ишғолии Қрим дастгир шудааст, дар назди консулгарии Русия дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Ин ҳамоиши эътирозиро зери номи "Курсии холӣ" гуруҳи PEN America дар ҳамкорӣ бо ҳомиёни ҳуқуқи амрикоӣ ва украинӣ дар доираи Рӯзи байналмилалии "Нависанда дар зиндон" баргузор кардааст.

Эътирозгарон аз суханони раиси Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорони Амрико Энн Купер​ иқтибос оварда, гуфтанд, ин ҳамоиши эътирозӣ ба мақомоти Русия гӯшзаде аст, ки онҳо наметавонанд садои рӯзноманигорони мустақилро "хомӯш созанд".

Есипенко бо бахши украинии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ ва дар тарҳи радио бо номи "Крим.Реалии" кор мекард. Ӯ шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Рӯзи 16-уми март дар Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфтанд, Есипенко 10-уми март барои ҷамъоварии иттилоъ ба "нафъи хадамоти махсуси Украина" дастгир шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи Украина бо нашри изҳорот аз мақомоти Русия талаб кардаанд, ки Есипенкоро озод кунанд. Ҳамчунин аз Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки ба Русия фишор оранд, то рӯзноманигорро раҳо кунад.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай боздошти Есипенкоро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG